Дар моҳи Июни соли 2020 БОҶ мониторинги нархҳои маҳсулоти хӯрокаро дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои интихобшуда бо истифода аз шабакаи мавҷудаи Интервюерони саҳроии Нексигол Мушовир ҷорӣ намуд. Дар мониторинги бозорҳо ба маҳсулотҳое, ки аҳолии кишвар бештар истеъмол менамоянд, диққат дода мешавад. Нархҳои маҳсулотҳо ҳар ҳафта рӯзи Душанбе ҷамъоварӣ мешаванд. Барои ҳар як маҳсулот нархи он аз якчанд фурӯшандагон пурсида шуда, нархҳои миёнаи маҳсулотҳо қайд мешаванд. Интервюерони саҳроӣ маълумотро тавассути планшетҳо дар асоси саволномаи электронии платформаи Кобо ҷамъоварӣ менамоянд. Ҳисоботҳои бозор дар портали БОҶ ва портали нархҳои Нексигол бо забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ нашр мешаванд.
Хуҷанд | Рашт | Душанбе |
Доираи истифодабарӣ |
Дастрасӣ ба бозор |
Маблағгузорӣ |
БОҶ |
Мақсаду самтҳо |
Ҳадафи лоиҳа таъмини мониторинги саривақтӣ дар бозорҳои интихобшуда барои кӯмак расонидан ба БОҶ дар амиқтар дарккунӣ ва таҳлили вазъи амнияти озуқаворӣ мебошад. (1) Пешниҳоди иттилооти доимӣ ва муосир дар бораи бозор дар баробари ҳисоботи бозор; (2) Таҳлили омилҳои тағирёбии нархҳо; (3) Муайянкунии вайроншавии кори бозор; (4) Муайянкунии тағирот дар фаъолияти бозор бо мурури замон |
Мӯҳлат |
Июни 1, 2020 – Декабри 31, 2025 |
Фарогирӣ |
Понздаҳ бозор ва шаҳру ноҳияҳои НТМ, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд: Душанбе, Рашт, Ҳисор, Бохтар, Кӯлоб, Кушониён, Ҷайҳун, Қубодиён, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Хоруғ, Мурғоб, Ишкошим |
Кӯмакгирандагон |
Дар доираи лоиҳа нарх ва дастрасии маҳсулотҳои асосӣ дар бозорҳои 15 шаҳру ноҳияҳо назорат карда мешавад. Аз ин рӯ, лоиҳа кӯмакгирандагони бевосита надорад |
Шарикон |
— |
Фаъолиятҳои асосӣ |
(1) Гузаронидани мониторинги ҳарҳафтаинаи бозор дар бозорҳои интихобшуда; (2) Пешниҳоди ҳисоботҳои ҳафтаина (кӯтоҳ) ва семоҳа (муфассал) оиди таҳлили нахрҳои бозор, ки дар асоси маълумоти ҷамъоваришудаи бозор таҳия шудаанд; (3) Гузаронидани арзёбии солонаи индекси фаъолияти бозор дар бозорҳои интихобшуда |