ГУРӮҲИ ШИРКАТҲОИ НЕКСИГОЛ

Нексигол гурӯҳест, ки аз 3 ширкатҳо иборат аст: (1) Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нексигол», (2) Ташкилоти Ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» ва (3) Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Нексигол Навовар».

Аввалин ширкат дар гурӯҳ ҶСК «Нексигол» буд, ки соли 2002 таъсис ёфтааст. ҶСК «Нексигол» ба воридот ва фурӯши тухмиҳо ва воситаҳои ҳифзи растаниҳои сертификатсияшуда тавассути шабакаи мағозаҳои кишоварзии «МЕЪРОҶ» машғул аст.

Нексигол Мушовир — ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад. Аз соли 2009 инҷониб, Нексигол Мушовир хизматрасониҳои машваратӣ, омӯзишӣ ва илмӣ-тадқиқотиро дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод менамояд.

Нексигол Навовар – ширкати AgTech буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва бо таҳияи хизматрасониҳои рақамӣ барои беҳтар кардани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ машғул аст.

Ҳамасола Нексигол ба даҳҳо корхонаи хурду миёна, ки ба агробизнес машғуланд ва ҳазорон деҳқонон дар баланд бардоштани фоида аз истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар кардани сифати маҳсулот ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар истеҳсолот, коркард ва маркетинги маҳсулот ёрӣ мерасонад.

 

 

АРЗИШҲОИ МО

 

Ҳадафи мо ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад,
ки агробизнесро даромаднок, самаранок ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар менамояд.

 

Навоварӣ

Сохтани арзишҳои нави инноватсионӣ дар технологияҳо

Ғамхорӣ

Ғамхорӣ ҳам ба одамон ва ҳам ба табиат

Шаффофият

Ҳамеша кушода, одилона, ростқавлона ва эҳтиромона

Сифат

Беҳтар кардани сифати кори худ

Эътимоднокӣ

Манфиати мизоҷон аввалиндараҷа мебошад

Шарикӣ

Ҳама вақт барои рушди ҳамкорӣ кӯшиш менамоем