Тадқиқоти бозорӣ оид ба технологияҳои микро-ирригатсионӣ, ки дар давоми соли 2013 дар Тоҷикистон гузаронида шуда буд, нишон дод, ки барои паҳни васеъи технологияҳои обёрии қатравӣ дар чаҳор зерсоҳаи кишоварзӣ: гармхонаҳо, сабзавоти майдони кушод, боғҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ иқтидори назаррас мавҷуд аст. Вақте ки бинобар маҳдуд будани қувваи барқ ё аз канали ирригатсионӣ дур вокеъ гардидани хоҷагии деҳқонӣ оби обёрӣ нокифоя аст, обёрии қатравӣ, ки то 80% камтар об сарф мекунад (нисбат ба обёрии ҷӯякҳо), зироатҳо ва дарахтонро аз фишори баланди мавсими обёрӣ наҷот медиҳад. Инчунин, ҷамъоварии маълумот дар қитъаҳои намоишӣ оид ба обёрии қатравӣ дар боғҳои зардолу тақрибан 30% афзоиши ҳосили як дарахтро аз рӯи вазн ва инчунин нашъунамои назаррасро нишон дод, агар дарахтони ҷавон тавассути обёрии қатравӣ обёрӣ карда шаванд ва ҳамин тавр ба фишори оби обёрӣ камтар дучор шаванд. Ҳамин тариқ, ҳосили аввалини меваи зардолуро аллакай дар соли сеюм интизор шудан мумкин аст, дар ҳоле ки дар усулҳои анъанавии кишоварзӣ ин одатан аз чор то панҷ сол тӯл мекашад.
Дар анҷоми лоиҳа шумораи таъминкунандагони технологияҳои микро-ирригатсионӣ, мизоҷон ва ҳаҷми фурӯш се маротиба ва майдони кишт бо низоми обёрии қатравӣ панҷ маротиба зиёд шуд.
Доираи истифодабарӣ |
Дастрасӣ ба бозор | Кишоварзии устувор |
Маблағгузорӣ |
ҲЕЛВЕТАС / iDE |
Мақсаду самтҳо |
Ҳадафи лоиҳа ташаккули бозори технологияҳои микро-ирригатсионии аз ҷиҳати молиявӣ худтаъминкунанда то соли 2016 мебошад |
Мӯҳлат |
Марти 15, 2014 – Январи 31, 2016 |
Фарогирӣ |
Тоҷикистон |
Кӯмакгирандагон |
Таъминкунандагони таҷҳизотҳои низоми қатравӣ, деҳқонон, мутахассисони паҳни дониши кишоварзӣ |
Шарикон |
— |
Фаъолиятҳои асосӣ |
|