Ташкилоти хурд бо навовариҳои калон

Аз Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ҳудуди се даҳсола сипарӣ шуд. Аз замони барҳам хӯрдани аввалин низоми колхозӣ ҳам ҳамин қадар вақт гузашт. Соҳаи кишоварзии ҳамаи мамлакатҳои тараққикарда хеле пеш рафтааст. Аммо бархе аз кишоварзони тоҷик то ҳол аз навоварӣ дар ин низом метарсанд ва аз ҷорӣ кардани ҳар гуна навоварӣ дар қитъаҳои замини худ худдорӣ мекунанд. Сабаби ин муносибат шояд он бошад, ки деҳқонони тоҷик даҳҳо сол боз ба режими ягонаи меҳнат одат кардаанд. Ба ақидаи онҳо навовариҳои асри 21, иқтисоди хоҷагиро ба зиён меорад.

Се сол пеш аз ин деҳқони номдори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдусамад Абдувоҳидовро ба ҷорӣ намудани механизмҳои нави рӯёндани меваю сабзавот дар заминҳои худ ва ё низомҳои нави обьёрӣ касе бовар кунонда наметавонист.Он кас Раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби (минбаъд АИО) «Боғпарвар» ҳастанд. Абдусамад муносибатҳои консервативиро дастгирӣ карда, ҳар як навовариро танқид мекард.

«Вақте ки мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» ба наздам омада, дар бораи лоиҳаи нав, ҷорӣ намудани низоми нави обьёрӣ нақл карданд, ман шубҳа пайдо кардам. Ман хунукназарона ба онҳо нигоҳ кардам. Имрӯз фикру мулоҳизаҳоямро, ки ҳангоми вохӯрии аввалин гуфта будам, ба хотир оварда, ҳам хандаам меояд ва ҳам шарм медорам. Дар ҳақиқат Нексигол Мушовир моро аз хоби гарон бедор кард!». — мегӯяд Абдусамад Абдувоҳидов.

***   ***   ***

Дар соли 2016 ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» тибқи супориши техникӣ ба татбиқи ҷузъҳои нави «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об»-ро дар вилояти Суғд оғоз намуд. Фаъолияти лоиҳа ба пурзӯр намудани идоракунии сарфаи об нигаронида шудааст. Ҳадафҳои асосӣ ин буд:

  • таъсиси Мактабҳои Саҳроии Деҳқонон (МСД)
  • ҷорӣ намудани технологияҳои оддӣ ва дастрас барои сарфаи об
  • паҳн кардани дониш ва усулҳои истифодаи самараноки об
  • ҷорӣ намудани низом обёрии қатравӣ
  • обёрӣ дар ҷӯякҳои кӯтоҳ
  • обёрии қубурӣ
  • мулчакунӣ — пӯшонидани қабати болоии хок бо плёнкаи сиёҳ

Лоиҳаи «Идораи миллии захираҳои об» аз ҷониби консорсиуми созмонҳои байналмилалии ҲЕЛВТЕАС Свисс Интеркооперейшн, GIZ ва ACTED бо маблағгузории SDC амалӣ карда шуд. Ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» аз оғози давраи аввали татбиқи лоиҳа дар соли 2016 фаъолиятҳои лоиҳаро дар ҳудуди вилояти Суғд амалӣ намуд.

Дар ин давра ташкилот бо якчанд ҷузъҳои супоришҳои техникӣ кор кардааст ва таъсиси Мактабҳои Саҳроии Деҳқонон яке аз онҳост.

Ба гуфтаи Акмал Насруллоев, мутахассиси ин ташкилот, заминҳои кишоварзии ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов бо оби сойи Хоҷабакирғон обёрӣ мешаванд. Ва баъзе заминҳои ноҳияи Спитамен аз сойи Оксу обёрӣ мешаванд. «Дар рафти таҳлил мутахассисони мо мушкилоти зеринро муайян карданд:

  • Фарсуда шудани иншоотхои обёрӣ;
  • Вайрон кардани бетони канал, ки дар вақти обёрӣ боиси талафи об гардид;
  • Бо гил ва лой бастани каналу ҷӯйбори хоҷагиҳо;
  • Қубурҳои фарсудаи об;
  • Набудани асбобу таҷҳизоти обрасонӣ ва ченкунии об;
  • Сатҳи пасти дониш ва малакаи истифодабарандагони об.

Фаъолиятилоиҳа ба ҳалли ин мушкилот нигаронида шуда буд ва ба қадри имкон мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем» – гуфт Акмал Насруллоев.

***   ***   ***

Баъди азнавсозии соҳаи кишоварзӣ замин дар байни табақаҳои гуногуни ҷамъият тақсим карда шуд. Яъне ҳам муаллим, ҳам табиб ва ҳам соҳибкор, ки дониши кофии ибтидоии кишоварзиро надоштанд, ба кишоварзӣ рӯ оварданд. Нексигол Мушовир дар 29 АИО қитъаҳои намоишӣ таъсис дода, 29 тренери МСД-ро омӯзонд. Тренерон ба деҳқонон оид ба усулҳои муосири обёрӣ, режими обёрӣ, усулҳои баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ғайра машғулиятҳо гузарониданд. Дар қитъаҳои намоишӣ технологияи сарфаи об ва асбобҳои ченкунии об гузошта шуданд, то ки самараи технологияи навро дар истифодаи пурсамари об нишон диҳанд.

«Об хуни замин аст. Ва Миробҳо одамоне ҳастанд, ки ҳаракати ин хунро танзим мекунанд. Агар дар бадани инсон камхунӣ мушоҳида шавад, он гоҳ ба бемориҳои гуногун дучор мешавад. Агар хун бисьёр бошад ҳам, ҳамин тавр. Вазифаи об ҳам дар замин ҳамин хел аст. Мироб ба деҳқонон дар саривақт, ба микдори зарурӣ ва мувофиқи навбат тақсим кардани обро танзим мекунад. Он инчунин дар танзим ва ҳисоб кардани миқдори оби истифодашуда кӯмак мекунад. Агар гидротехнику Мироб набошад, тақсимоти дурусти об вайрон мешавад ва деҳқонон эҳтимол бо ҳамдигар гапнофаҳмӣ шуда, каланд партои мекунанд. Хуб мешуд, ки ҳар як хоҷагии наве, ки имрӯз барпо карда мешавад, ғайр аз агрономҳо бо гидротехникҳо ва Миробҳо ҳам ҳамкорӣ мекард. Дар кишоварзӣ ин ду касби хеле муҳим аст,» — мегӯяд мутахассиси ташкилоти ҷамъияти «Нексигол Мушовир».

***   ***   ***

Қаҳрамони мо Абдусамад Абдувоҳидов, раиси АИО «Боғпарвар» аз ноҳияи Бобоҷони Ғафуров дар ин лоиҳа ба ҳайси тренери МСД кор мекунад. Дар АИ «Боғпарвар», ки 563 гектар замин ва 56 нафар аъзоён дорад, якчанд қитъаҳои намоишӣ ташкил карда шуданд. Дар яке аз ин қитъаҳо дар майдони 1 гектар обёр бо ҷӯякҳои кӯтоҳ гузаронида шуд. Ин усул ба истифодаи пурсамари об низ ёрӣ мерасонад. «Ҷӯякҳои заминҳои пахтаи мо хеле дарозанд. Агар обро дар ибтидои ҷӯяк сар кунем, ба охир намерасид. Ин боиси талаф шудани ҳосили пахта мегардид. Баъди ҷорӣ намудани обёрӣ бо ҷӯякҳои кӯтоҳ пахта дар вақти муайян оби заруриро гирифт,» —мегӯяд Абдусамад.

(Справа) Абдусамад Абдувохидов
(Аз рост) Абдусамад Абдувоҳидов

Барои дарахтони ҷавон низоми обёрии қатравӣ насб карда шуд. «Қубурҳои канали бо мошина обёришаванда кайҳо фарсуда шудаанд. Дарахтон хушк шуда истода буданд. Маҳз кӯмаки лоиҳа ба дарахтон умри дубора бахшид. Ғайр аз ин, мо обанбор кофтем. Агар мо ин технологияро бо маблағи худ ҷорӣ мекардем, пас барои 0,10 гектар замин камаш панҷ ҳазор сомони сарф мекардем. Барои ба даст овардани ин қадар маблағ даҳҳо баҳсу ихтилоф ва фишори равониро аз сар мегузаронидем. Мо на танҳо маблағ, балки вақт ва асабҳоро сарфа кардем… Ва мо дидем, ки чӣ тавр обёрии қатраdӣ метавонад ба мо дар заминҳое, ки мушкилоти обёрӣ доранд, кӯмак кунад. Ман хеле шодам, ки бо ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» ҳамкорӣ мекунам» — афзуд Абдусамад.

Ташкилот дар доираи татбиқи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об» машваратҳо дода, сатҳи донишу малакаи деҳқонони мақсаднокро баланд бардошт. Дар асоси натиҷаҳои фаъолияти дусола яке аз дастовардҳои лоиҳа он аст, ки деҳқонон пас аз насби ҳисобкунакҳои об ва тадқиқоти амалӣ имкони ҳисоб кардани ҳаҷми оби истифодашударо пайдо карданд. Онҳо инчунин имконият пайдо карданд, ки давомнокии обёрӣ ва ҳаҷми обро бо истифода аз ҳисобкунакҳои намии хок муайян кунанд. Технологияи сарфаи об, ки дар доираи лоиҳа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» муаррифӣ шудааст, хароҷоти деҳқононро то 20% кам кард.

«Ба ҳар касе, ки ба кишоварзӣ машғул шудан мехоҳад, маслиҳат медиҳам, ки бо ин ташкилот ҳамкорӣ кунанд» — мегӯяд Абдусамад Абдувоҳидов. «Онҳо маслиҳати бефоида надоранд. Дар аввал хандаовар менамояд, аммо баъд аз он пушаймон мешавед, ки бо онҳо хеле дер вохӯрдаед. Шумо чӣ гуна кор хоҳед кард? Медонед, аз ин кор нафъ мекашед ё зиён мекашед? Ҳамаи инро ба Шумо мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» меомӯзонанд. Ҳоло ман ҳатто розӣ шудам, ки баъзе технологияҳо навроаз ҳисоби худам ҷорӣ кунам,» — афзуд деҳқони пуртаҷриба.

Баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва дастрасӣ ба сарфаи об дар ҳар як маҳал на танҳо барои Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об, балки барои тамоми кишвар натиҷаи хуб аст. Ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол мушовир» тамоми фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо намояндагони сохторҳо давлатии маҳаллӣ, сарраёсатҳои кишоварзии вилоят пеш мебарад. Имрӯз, 29 қитъаи намоишӣ ба ихтиёри худи деҳқонон гузошта шудааст. Деҳконон ҳамеша метавонанд аз тренерон оид ба технологияи сарфаи об ва усулҳои ченкунии об бо ёрии асбобҳои обченкунак маслихат гиранд. Устувории лоиҳа инчунин дар омодасозии мутахассисон ва кормандони маҳаллӣ, Миробҳо, гидротехникҳо ва тренерони махсус дар се ноҳия ва 29 АИО мебошад, ки омодаанд ҳамарӯза ба деҳқонони минтақаи худ хизмат расонанд.

Истинод:

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар соҳаи обрасонӣ ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ роҳандозӣ кардааст. То имруз 50% онҳо аллакай иҷро шудаанд. Алоҳида дар соҳаи кишоварзӣ ва обёрии заминҳо 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ амалӣ карда мешавад.

Хосият Комилова