Ҷоринамоии механизми ТИК барои хизматрасонии агро-иқлимӣ дар Тоҷикистон

Фаъолият оид ба “Ҷорӣ карданӣ механизми Технологияҳои Иттилоотӣ Коммуникатсионӣ (ТИК) барои хизматрасонии агро-иқлимӣ дар Тоҷикистон”-ро дар доираи Лоиҳаи “Ба вуҷудоварии устувории ҷомеаҳои осебпазир ва аз нигоҳи озуқаворӣ ноамн ба пайомадҳои иқлимӣ ба тариқи тақвияти тавонмандӣ ва гуногунсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон” амалӣ мешавад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund) маблағгузорӣ ва аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва гурӯҳи ширкатҳои Нексигол иҷро карда мешавад.

 

Доираи истифодабарӣ Кишоварзии устувор | Паҳни дониши кишоварзӣ
Маблағгузорӣ БОҶ
Мақсаду самтҳо Мақсади асосии ин фаъолият баланд бардоштани устувории ҷомеаҳо тавассути беҳтар намудани дастрасии онҳо ба иттилоот оид ба иқлим, пешгӯии обу ҳавою огоҳкунии барвақтии кишоварзӣ ва таҳкими иқтидори онҳо дар қабули қарорҳои асоснок оид ба кишоварзӣ ва тағйирёбии иқлим мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, дар доираи фаъолияти мазкур чунин вазифаҳо иҷро карда мешаванд:
(1) Таъсиси механизми ТИК барои саривақт расонидани маълумот дар бораи иқлим ва машваратҳои кишоварзӣ
(2) Интиқоли маълумоти иқлимӣ ва машваратҳои кишоварзӣ ба деҳқонони мақсаднок
(3) Мусоидат ба ҳамоҳангсозӣ байни тарафҳои манфиатдор барои пешниҳоди маълумоти мувофиқ ба деҳқонон
Мӯҳлат Декабри 20, 2023 — Августи 31, 2024
Фарогирӣ 4 ноҳияҳои ВМКБ — Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим
5 ноҳияҳои НТМ — Файзобод, Тоҷикобод, Нуробод, Рашт ва Лахш (Ҷиргатол) ва
2 ноҳияҳои вилояти Хатлон – Ховалинг ва Мӯъминобод
Кӯмакгирандагон Дар доира ин фаъолият дастрасии 25 000 деҳқонон ба иттилоот оид ба иқлим ва огоҳкунии барвақтии кишоварзӣ беҳтар карда мешавад.
Шарикон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолиятҳои асосӣ
Низоми огоҳкунии барвақтии
кишоварзӣ