Зарфиятсозии занони деҳот тавассути беҳтаркунии дастрасӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо истифода аз дастгоҳҳои биогаз

     Дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон қисми зиёди хонаводаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо нигоҳубинӣ чорво машғуланд, ки маъмулан ҳар кадоми онҳо 1-2 сар гов, 3-4 сар гӯсфанд ва 5-10 сар мурғ доранд. Илова бар ин, дар хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ саршумори гов маъмулан то 5-10 сар мерасад. Аз ин рӯ, қариб ҳар як хонавода ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба пору дастрасӣ дорад, ки истифодаи он ҳамчун нуриҳои органикӣ барои нигоҳ доштан ва баланд бардоштани ҳосилхезии муҳим аст.

    Аммо дар Тоҷикистон таҷрибаи хушк кардани пору барои омода намудани “таппак” бо мақсади баъдан ҳамчун манбаи энергия барои пухтупаз ва гармкунии хонаҳо истифодаи он васеъ паҳн шудааст. Ин одат аз маҳдудияти қуввваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва баҳор дар деҳот ва гаронии арзиши гази моеъ сарчашма мегирад. Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки масъулияти хушконидани пору ва тайёр кардани таппак одатан ба дӯши занони ҷавон ҳамчун як қисми нақши гендерии анъанавии онҳо вогузор шудааст. Дар натиҷаи сӯхтани поруи хушк дуд ва заррачаҳои он ба ифлосшавии ҳавои атроф оварда расонида, ба саломатии занону кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин истифодаи пору ҳамчун сӯзишворӣ, ба истифодаи он дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун нуриҳои органикӣ монеъ мешавад. Дарёфти роҳҳои алтернативии истеҳсоли энергия ва роҳандозӣ намудани истифодаи васеъи пору ба сифати нуриҳои органикӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқавории кишвар хеле муҳим аст. Ҷоринамоии технологияи биореакторӣ барои истеҳсоли биогаз аз поруи чорво ва бионурӣ аз боқимондаи он ҳамчун манбаи алтернативии энергияи устувор, барои солимии хок ва некӯаҳволии занони деҳот муҳим аст.

    Аз ин рӯ, БРСММ ташаббуси озмоиширо таҳти унвони Зарфиятсозии занони деҳот тавассути беҳтаркунии дастрасӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо истифода аз дастгоҳҳои биогаз роҳандозӣ намуд. Дар доираи ин ташаббус, технологияи истифодаи таҷҳизотҳои биоаректорӣ барои истеҳсоли биогаз аз поруи чорвоҷорӣ карда мешавад, ки онро ҳамчун сӯзишворӣ барои пухтупаз дар хонаводаҳои деҳот истифода мебаранд.

Доираи истифодабарӣ

Кишоварзии ҳушмандонаи муҳитзистӣ, Кишоварзии устувор, Технология ва инноватсия, Камкунии партовҳо

Маблағгузорӣ

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид

Маблағгузор

БРСММ

Мақсаду самтҳо

Ҷорӣ намудани технлологияи биоректорӣ барои истеҳсоли биогаз аз поруи чорво барои истифодаи он ҳамчун сӯзишворӣ дар хонаводаҳои деҳоти интихобшудаи лоиҳа

Вазифаҳо

— Аҳолии деҳот дар минтақаҳои озмоишӣ малака ва огоҳӣ аз технологияи биоректорӣ доранд ва хонаводаҳои интихобшуда биогаз ва бионуриро барои қонеъ кардани ниёзҳои худ истифода мебаранд

— Ташвиқоти сиёсат барои энергияи биогаз байни созмондорон ва ҷонибҳои манфиатдор

Санаи саршавӣ

15-07-2024

Санаи итмом

31-05-2025

Мӯҳлат

10,5 моҳ

Фарогирӣ

— Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ,Ваҳдат, Шаҳри нав, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш дар НТМ

— Норак,Ҳамадонӣ, Ш.Шоҳин, Вахш А. Ҷомӣ, Фархор, Кӯлоб, Ҷайҳун, Восеъ ва Данғара дар Хатлон

Баҳрабарандагон

Хонаводаҳои деҳот

Миқдори баҳрабарандагон

— Дар 37 хонаводаҳо қитъаҳои намоишӣ бо таҷҳизоти биогаз ташкил шуд

— Ҳадди ақал 600 нафар хонаводаҳои деҳот ва деҳқонон дар Рӯзҳои саҳроӣ иштирок намуданд

Шарикон

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ», Sistema.bio

Фаъолиятҳои асосӣ

— Хариди низомҳои биореакторӣ, дастгирии насбкунӣ ва гузаронидани намоиш

— Ҷамъоварии маълумот оиди ҳар як хонавода

— Мониторинги доимии фаъолиятҳо: маълумоти иштирокчиёни омӯзишҳо; ҷонибҳои манфиатдор дар сатҳи ҷомеа; маълумоти пеш ва пас-и лоиҳа дар бораи вазъи ҳар як хонавода ва истифодаи сӯзишворӣ барои пухтупаз

— Таҳияи дастури ТоТ ва гузаронидани омӯзишҳо барои ташкили гурӯҳи тренерон оид ба насбкунӣ, хизматрасонӣ ва таблиғи истифодаи низоми биореакторӣ

— Таҳияи маводҳои таблиғоти (видеоҳо, ҳикояҳои муваффақият, брошюраи лоиҳа ва дастури таълимӣ, баннерҳо ва лавҳаҳо)

— Гузаронидани маъракаҳои огаҳӣ дар байни баҳрабарандагони бевосита ва мизоҷони эҳтимолӣ, соҳибкорон, аз ҷумла корхонаҳои хурду миёна, ҷавонон ва занони пешво, паҳн кардани брошюраҳо ва дигар маводи иттилоотӣ, инчунин бо истифода аз каналҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои алоқа

— Гузаронидани чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани дараҷаи огоҳӣ дар сатҳи ҷомеа (Рӯзҳои саҳроӣ) оид ба иҷтимоъгардонии технологияи биореакторӣ ва манфиатҳои он ва муайян кардани хонаводаҳое, ки ба насбкунӣ таваҷҷӯҳ доранд

— Дастгирии БРСММ барои ташкили сафарҳои намоишӣ ба шарикони рушд ва сиёсатмадорон

— Гузаронидани таҳлили лаборатории бионуриҳои истеҳсолшуда ва ҳисоби иқтидори онҳо бар ивази нуриҳои анъанавии синтетикӣ (масалан, мочевина, NPK ва ғ.)

— Ташкили сафари мубодилавӣ дар дохили кишвар барои шарикони сиёсии миллӣ/минтақавӣ ва хизматрасонҳои кишоварзӣ машғул (12-15 нафар) барои омӯзиши биореакторҳо

— Гузаронидани семинари миллӣ барои сохторҳои давлатии дахлдори миллӣ ва минтақавӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва шарикони рушд бо мақсади намоиш додани натиҷаҳои ин озмоишӣ

Натиҷаҳои чашмдошт

-37 (на камтар аз 5 андозаи миёна) низомҳои биореакторӣ харида шуданд, насбкунӣ дастгирӣ карда шуд ва намоиш гузаронида шуд

— Дастури ToT барои ҳадди аққал 10 иштирокчиён таҳия ва пешниҳод карда шуд

— Омӯзиши 10 муҳандисони ҷавони кишоварзӣ оид ба насбкунӣ ва истифодабарии низомҳои биореакторӣ тавассути гузаронидани ТоТ

— Таҳлили лаборатории бионуриҳои истеҳсолшуда гузаронида шуда, иқтидори онҳо барои иваз кардани нуриҳои анъанавии синтетикӣ ҳисоб карда шуд

— Ташрифи таҷрибаомӯзӣ барои12-15 нафар гузаронида шуд

— 28 маводҳои таблиғоти таҳия шуданд

— Чорабиниҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳадди ақал барои 600 нафар иштирокчиён гузаронида шуданд;

— Семинари миллӣ гузаронида шуд

Намуди пардохт

Лоиҳаи мақсаднок