Таъсиси қитъаи намоишӣ барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои сабз

    GOPA Intec GmbH — ширкати байналмилалии машваратӣ иҷрокунандаи масъули Лоиҳаи GEFF II дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва Ташкилоти Машваратии Кишоварзии «Нексигол Мушовир», ки дар соҳаи ободонии деҳот ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди гармхонаҳои намоишӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи бой дорад, ва Хоҷагии деҳқонии «Танзила», ки дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд ва ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, ба татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти кишоварзӣ манфиатдор мебошанд, якҷоя тасмим гирифтанд, ки дар доираи Лоиҳаи GEFF II барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои сабз як қитъаи намоишӣ таъсис доданд.

Доираи истифодабарӣ

Кишоварзии ҳушмандонаи муҳитзистӣ, Кишоварзии устувор, Технология ва инноватсия, Камкунии партовҳо

Маблағгузорӣ

Лоиҳаи GEFF II дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби GOPA Intec GmbH амалӣ мешавад ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мешавад

Маблағгузор

ГЭФФ

Мақсаду самтҳо

Пешбурди технологияҳои сабз ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо дар фаъолияти кишоварзӣ

Вазифаҳо

— Ташкили гармхонаи намоишӣ

— Гузаронидани омӯзишҳо

— Ташкили таблиғоти лоиҳа

— Таъмин намудан бо дастгирии техникӣ

Санаи саршавӣ

15-11-2024

Санаи итмом

31-12-2025

Мӯҳлат

13,5 моҳ

Фарогирӣ

Вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш, ҷамоати Киров, деҳаи Ҳаштуми март, хоҷагии деҳқонии Танзила

Баҳрабарандагон

Хоҷагиҳои деҳқонии миёнаю хурд, хонаводаҳои деҳот

Миқдори баҳрабарандагон

— Дар 1 хоҷагии деҳқонӣ гармхонаи намоишӣ ташкил шуд

— Ҳадди ақал 30 нафар хоҷагиҳои деҳқонии миёнаю хурд, хонаводаҳои деҳот дар Рӯзи саҳроӣ иштирок намуданд

Шарикон

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ, Sistema.bio, Хоҷагии деҳқонии Танзила, ҶСП «Бонки Арванд»

Фаъолиятҳои асосӣ

— Воридоти таҷҳизоти истеҳсоли биогаз ба Тоҷикистон

— Хариди масолеҳи сохтмонӣ аз бозорҳо/таъминкунандагони маҳаллӣ

— Насби гармхонаи намоишӣ

— Насби таҷҳизоти истеҳсоли биогаз

— Насби стеллажҳои амудӣ

— Гузаронидани омӯзишҳо оид ба парвариши сабзавоти гармхонавӣ ва хӯроки сабзи чорво ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли биогаз

— Ташкили парвариши сабзавоти гармхонавӣ ва хӯроки сабзи чорво ва машварадиҳӣ ба баҳрабаранда

— Мониторинги истифодабарии гармхонаи намоишӣ бо ҳамаи ҷузъҳояш

— Гузаронидани Рӯзи саҳроӣ ва ташкили таблиғоти лоиҳа

— Ташкили ташрифи деҳқонони дигар ба гармхона

— Таъмин намудан бо дастгирии техникӣ ҳадди ақал дар давоми 1 сол пас аз анҷоми лоиҳа

Натиҷаҳои чашмдошт

— Гармхонаи намоишӣ барои парвариши сабзавот (андоза: дарозӣ — 20 м, бар -7 м, баландӣ — 4 м) насб шуд

— Низоми обёрии қатравии гармхона насб шуд

— Стеллажи амудӣ барои парвариши хӯроки сабзи чорво (6 дона, андоза: дарозӣ — 1.5 м, бар -1 м, баландӣ — 2 м) насб шуд

— Таҷҳизоти офтобӣ барои низомҳои равшанидиҳӣ ва обёрӣ (0.6 кВатт) насб шуд

— Таҷҳизоти истеҳсоли биогаз (модели Система 12) насб шуд

— Рӯзи саҳроӣ бо ҳадди ақал 30 нафар иштирокчиён гузаронида шуд

— Маводҳои таблиғотӣ (2 видеорепортаж ва 1 мақолаи хабарнигорони озод дар шабакаҳои иҷтимоӣ) нашр шуданд

Намуди пардохт

Лоиҳаи мақсаднок