Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Куҳистон (БҶИИМК) лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон ИНВЕСТ-ро дар водии Зарафшон амалӣ карда, якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» қитъаҳои намоишӣ бо ҷорӣ намудани технологияи биогаз ва истеҳсоли хӯроки сабзи чорво ташеил кардт. Омӯзиш оид ба тарзи идоракунии низоми истеҳсоли биогаз ва қоидаҳои бехатарии истифодаи он барои баҳрабарандагон ва кормандони маҳаллии лоиҳаи ИНВЕСТ гузаронида шуд.
Доираи истифодабарӣ
|
Энергияи барқароршаванда, Кишоварзии ҳушмандонаи муҳитзистӣ, Кишоварзии устувор, Технология ва инноватсия, Камкунии партовҳо
|
Маблағгузорӣ
|
Лоиҳаи ИНВЕСТ аз ҷониби БҶИИМК амалӣ ва ФТО маблағгузорӣ карда мешавад
|
Маблағгузор
|
Фонди Тоҷикистонии Оғохон
|
Мақсаду самтҳо
|
Ҷорӣ намудани технологияи биоректорӣ барои истеҳсоли биогаз ва бионурӣ аз поруи чорво барои истифодаи он ҳамчун сӯзишворӣ дар хонаводаҳо ва хоҷагиҳои интихобшуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли хӯроки сабзи чорво
|
Вазифаҳо
|
— Насби таҷҳизотҳои истеҳсоли биогаз бо гармхонаҳо ва хоҷагиҳои амудӣ
— Гузаронидани омӯзишҳо
— Ташкили таблиғоти лоиҳа
— Дастгирии техникии баҳрабарандагон
|
Санаи саршавӣ
|
24-01-2025
|
Санаи итмом
|
15-09-2025
|
Мӯҳлат
|
8 моҳ
|
Фарогирӣ
|
Вилояти Суғд, Водии Зарафшон, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷамоати Иван тоҷик, деҳаи Худгифи Офтоб, ш. Панҷакент, ҷамоати Саразм, деҳаи Нури зиндагӣ ва ҷамоати Рӯдакӣ, деҳаи Некноти Нав
|
Баҳрабарандагон
|
Хонаводаҳои деҳотӣ
|
Миқдори баҳрабарандагон
|
— Дар 3 хонаводаҳо қитъаҳои намоишӣ бо таҷҳизоти биогаз ташкил шуд
— Ҳадди ақал 100 нафар хонаводаҳои деҳот ва деҳқонон дар Рӯзҳои саҳроӣ иштирок намуданд
— 10 нафари онҳо таҷҳизоти истеҳсоли биогазро барои насбкунӣ фармоиш намуданд
|
Шарикон
|
|
Фаъолиятҳои асосӣ
|
— Интихоби баҳрабарандагони зерлоиҳа дар асоси меъёрҳои мувофиқашуда
— Азназаргузаронии шароити хонаводаҳои интихобшуда ва пешниҳодҳо барои мутоқибати низом
— Дастурдиҳии пешакӣ барои омодасозии ҷойи насби низом
— Интихоб ва таҳвили таҷҳизот барои истеҳсоли биогаз, насби гармхонаҳо ва хоҷагиҳои амудӣ
— Насби таҷҳизотҳои истеҳсоли биогаз, гармхонаҳо ва хоҷагиҳои амудӣ
— Гузаронидани омӯзиши техникӣ оид ба тарзи идоракунии низоми истеҳсоли биогаз барои баҳрабарандагон
ва кормандони маҳаллии лоиҳаи ИНВЕСТ
— Ташкили робитаи устувор бо НМ ва мониторинги мунтазами қитъаҳои намоишии биогаз
— Гузаронидани санҷишҳои дуруст коркунии низомҳои насбкардашуда
— Пешбурд ва паҳни технология дар минтақаҳои мақсадноки лоиҳаи ИНВЕСТ тавассути гузаронидани Рӯзҳои саҳроӣ
— Ҳуҷҷатгузории натиҷаҳо ва таҷрибаҳо
|
Натиҷаҳои чашмдошт
|
— Таҷҳизоти истеҳсоли биогаз 3 адад (модели Система 6) насб шуд
— Гармхонаи болопӯши таҷҳизоти биогаз 3 адад (андоза: дарозӣ — 6 м, бар -3,25 м, баландӣ — 2,5 м) насб шуд
— Стеллажи амудӣ барои парвариши хӯроки сабзи чорво 3 адад (андоза: дарозӣ — 1.5 м, бар -1 м, баландӣ — 2 м) насб шуд
— Ҳадди ақал 100 нафар хонаводаҳои деҳот ва деҳқонон дар Рӯзҳои саҳроӣ иштирок намуданд
— 10 нафар хонаводаҳои деҳот ва деҳқонон таҷҳизоти истеҳсоли биогазро барои насбкунӣ фармоиш намуданд
|
Намуди пардохт
|
Лоиҳаи мақсаднок
|
ХАБАРҲОИ БО ИН ЛОИҲА АОҚАМАНД