Дастгирии соҳаи зардолуи Тоҷикистон тавассути таъсиси Гурӯҳи кории устувори миллӣ, саҳмгузорӣ дар таҳияи таҳлили занҷири арзиш ва такмили тарҳрезии стратегия ва таҳкими қобилиятҳои иштирокчиёни занҷири арзиш барои рушди устувори истеҳсоли зардолу
Соли 2021, ФАО ташаббуси «Як кишвар — як маҳсулоти афзалиятнок» (One Country One Priority Product — OCOP)-ро оғоз намуд, ки ба дастгирии низомҳои агроозуқавории фарогир, муфид ва устувор тавассути Маҳсулоти Махсуси Кишоварзии (ММК, Special Agricultural Products — SAPs) интихобшуда равона шудааст. Ҳадаф беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, ғизои солим ва манбаъҳои зиндагӣ ҳангоми ҳифзи гуногунии биологӣ мебошад. OCOP ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва маркетинги устувори ММК мусоидат мекунад
Дар октябри соли 2022 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зардолуро ҳамчун ММК-и миллӣ интихоб намуд ва Вазорати кишоварзӣ вазифадор гардид, ки пешбарии ин лоиҳаро ба ӯҳда гирад.
Дар доираи ин чорабиниҳо, ФАО ва Барномаи Суръатбахшӣ ба Табдилдиҳии Низомҳои Агроозуқаворӣ (Agrifood Systems Transformation Accelerator — ASTA)–и ЮНИДО таҳлили занҷири арзиши зардолуро дар Тоҷикистон, махсусан дар вилоятҳои Суғду Хатлон, анҷом медиҳанд. Ин таҳлил бо истифода аз равиши «занҷири арзиши устувори озуқаворӣ» (Sustainable Food Value Chain — SFVC)-и ФАО таҳияи стратегияи такмилдиҳӣ, нақшаи содирот ва лоиҳаи ҷалби захираҳоро роҳнамоӣ менамояд.
Созишномаи ҳамкорӣ бо Ташкилоти машваратии кишоварзии Нексигол Мушовир ҳамчун шарики миллӣ барои мусоидат ба ФАО дар амалӣ намудани ин фаъолият ба имзо расидааст.
| Доираи истифодабарӣ | Кишоварзии устувор, Кишоварзии ҳушмандонаи муҳитзистӣ, Технологияҳои сабз, Камкунии талафоти озуқаворӣ ва партовҳои он, Идораи занҷири таъминот, Рушди Занҷири Арзиш, Дастрасӣ ба бозор, Як кишвар — як маҳсулоти афзалиятнок, Барномаи Суръатбахшӣ ба Табдилдиҳии Низомҳои Агроозуқаворӣ |
| Маблағгузорӣ | ФАО OCOP-ро дар Тоҷикистон тавассути ду лоиҳа дастгирӣ мекунад: (1) Лоиҳаи глобалии «Паҳнкунии татбиқи ташаббуси OCOP» (FVC/GLO/184/MUL), ки аз Flexible Voluntary Contribution маблағгузорӣ мешавад, 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро фаро мегирад. Ҳадафи он афзоиш додани занҷирҳои арзиши ММК, ки ба маданият ва муҳити маҳаллӣ алоқаманд аст ва ҳамзамон беҳтар кардани дастрасии бозор дар ҳама сатҳҳо мебошад. (2) Лоиҳаи миллии «Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути рушди сабз ва беҳтарсозии дастрасӣ ба бозор» (TCP/TAJ/3903/C3) |
| Маблағгузор | ФАО |
| Мақсаду самтҳо | Дастгирии рушди устувори соҳаи зардолупарварии Тоҷикистон тавассути тақвияти идоракунии занҷири арзиш, мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои ҷории ФАО ва баланд бардоштани қобилиятҳои истеҳсолии устувор дар тамоми занҷири арзиши зардолу |
| Вазифаҳо | Се натиҷаи чашмдошт ба ноил шудан ба ҳадафи асосӣ мусоидат хоҳанд кард:
Натиҷаи 1: Гурӯҳи миллии корӣ (ГМК) барои рушди соҳаи зардолупарварии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият мекунад, то татбиқи OCOP ва рушди соҳаи зардолуро ҳамоҳанг созад, иштироки ҷонибҳои манфиатдорро таъмин намояд ва бо сиёсати миллии кишоварзӣ мувофиқат дошта бошад. |
| Санаи саршавӣ | 18-06-2025 |
| Санаи итмом | 30-11-2025 |
| Мӯҳлат | 5,5 моҳ |
| Фарогирӣ | Занҷири арзиши зардолу дар Тоҷикистон, махсусан дар вилоятҳои Суғду Хатлон |
| Баҳрабарандагон | Иштирокчиёни занҷири арзиши зардолу |
| Миқдори баҳрабарандагон | Вазорати кишоварзӣ, Гурӯҳи миллии кории (ГМК) соҳаи зардолупарварии Тоҷикистон бо 10 аъзоён, 25 иштирокчиёнии омӯзишҳо (иштирокчиёнии занҷири арзиши зардолу) оид ба технологияҳо ва таҷрибаҳои устувор ва сабз дар сатҳҳои истеҳсолот, нигоҳдорӣ, коркард ва маркетинги занҷири арзиши зардолу |
| Шарикон | Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Фаъолиятҳои асосӣ | — Барои таъмин намудани намояндагии ҳамаҷониба дар Гурӯҳи миллии корӣ (ГМК), муайян намудани ҷонибҳои асосии манфиатдор дар занҷири арзиши зардолу, барӯйхатгирии онҳо, нақшҳо ва манфиатҳои онҳо дар рушди соҳаи зардолупарварӣ — Таҳия Супоришномаи техникии (ToR) ГМК, аз ҷумла бо муайянкунии сохтор, расмият, дастурҳои амалиётӣ, нақшҳою масъулиятҳо, равандҳои қабули қарор, усулҳои муошират ва санадҳои ҷаласаҳо барои таъмини фаъолияти самаранок — Гузаронидани омӯзишҳо барои аъзоёни ГМК бо мақсади баланд бардоштани фаҳмиши онҳо аз занҷири арзиши зардолу, технологияҳо ва таҷрибаҳои сабзу устувори кишоварзӣ ва стратегияҳои ҳамоҳангсозии муассир; инчунин роҳнамоии онҳо оид ба таҷрибаҳои беҳтарини ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамоҳангсозии сиёсати миллӣ — Ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои мунтазами ГМК бо мақсади баррасии пешравӣ, мушкилот ва имкониятҳо дар рушди соҳаи зардолупарварӣ, ва мусоидат ба муҳокимаҳо барои таҳкими ҳамкорӣ, мубодилаи дониш байни аъзоён, ҳамоҳангӣ бо сиёсати миллӣ ва минтақавии кишоварзӣ ва дигар кӯшишҳои рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон — Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботҳои мунтазам оид ба пешрафтҳо, мушкилот ва натиҷаҳои ҷамъбасти ҷаласаҳо, қарорҳои ГМК — Кор бо ГМК барои таҳияи нақшаи устуворӣ, то фаъолияти минбаъдаи ГМК-ро пас аз марҳилаи таъсис таъмин намояд ва муайян намудани манбаъҳои молиявӣ ва шарикӣ барои дастгирии фаъолияти минбаъдаи ГМК — Дар ҳамкорӣ бо мушовири байналмилалии ASTA интихоби иштирокчиёни занҷири арзиш (ҷонибҳои манфиатдор дар истеҳсол, ҷамъоварӣ, коркард ва тақсимот ва дигарон). — Пас аз он ки мушовири байналмилалии ФАО ва ЮНИДО ба тими НМ омӯзиши методологияи Занҷири Арзиши Устувори Озуқаворӣ (SFVC) гузарониданд, гузаронидани пурсиши саҳроӣ бо истифода аз мусоҳибаҳо ба иттилоъдиҳандагони калидӣ ва муҳокимаҳои гурӯҳҳои фокусӣ (аз ҷумла сафарҳои саҳроӣ ва ташкили сафар барои гузаронидани пурсиш) ва кӯмак намудан ба омодасозии чорабиниҳои стратегӣ , нақшаҳои сармоягузорӣ ва амалиётҳо — Ташкил ва гузаронидани се семинарҳо дар асоси методологияи ASTA бо иштироки ҷонибҳои манфиатдори занҷири арзиши зардолупарварӣ: Семинари ибтидоӣ; Семинар оид ба пешниҳоди таҳлили занҷири арзиши зардолу ва бизнес-моделҳои такмилёфта; Семинари тасдиқкунии Стратегияи такмилдиҳӣ, аз ҷумла Стратегияи диверсификатсияи содироту бозор ва пешниҳоди лоиҳавии ASTA — Таҳияи маводҳои иртиботӣ барои паҳн кардани дониш ва баланд бардоштани шинохти амалҳои анҷомдодаи ФАО ва НМ — Тақвияти шарикӣ ва сафарбар кардани захираҳо барои таҳия ва татбиқи пешниҳоди лоиҳавии ASTA, ки ба пешбурди устуворӣ ва рақобатпазирӣ дар соҳаи зардолу нигаронида шудааст — Ташкил ва гузаронидани семинари ниҳоӣ барои фаъолиятҳои лоиҳа ва саҳмгузорӣ дар ҷаласаи солонаи OCOP — Гузаронидани арзёбии қобилиятҳо оид ба таҷрибаҳо ва технологияҳои устувори экологӣ дар тамоми занҷири арзиши зардолу; ва муайян намудани иштирокчиёни калидӣ дар занҷири арзиш, ташкилотҳо, мутахассисони техникӣ, ки дар омӯзишҳо ширкат хоҳанд кард — Ташкил ва гузаронидани силсилаи омӯзишҳо оид ба кишоварзии иқлимӣ, тачрибаҳои хуби кишоварзӣ ва равишҳои навоварона барои истеҳсол ва ҳифзи устувори растаниҳо, самаранокии истифодабарии захираҳо ва рушди устувори соҳаи зардолупарварӣ дар Тоҷикистон. Ба ин инчунин таъмин кардани тамоми таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ, аз қабили ҷойи гузаронидани омӯзишҳо, нақлиёт барои трененрон, проекторҳо, рйхати иштирокчиён, презентатсияҳо ва дигар маводи дахлдор мебошад -Тайёр намудани ҳисобот оид ба технологияҳо ва таҷрибаҳои сабзи кишоварзӣ дар истеҳсолот, нигоҳдорӣ, коркард ва маркетинг барои дастгирии рушди устувори соҳаи зардолупарварии Тоҷикистон |
| Натиҷаҳои чашмдошт | — Рӯйхати ҷонибҳои манфиатдори занҷири арзиши зардолу омода карда шуд — Супоришномаи техникии (ToR) Гурӯҳи миллии корӣ (ГМК) таҳия карда шуд — Ду омӯзиш оид ба занҷири арзиши зардолу барои аъзоёни ГМК гузаронида шуд — Миқдори ҷаласаҳои аз ҷониби НМ ва ГМК гузаронидашуда — Ҳисоботҳои семоҳаи ГМК омода ва пешниҳод карда шуданд — Нақшаи устувории ГМК омода ва тасдиқ карда шуд — Рӯйхати иштирокчиёни занҷири арзиш омода карда шуд, қолабҳои бизнес-моделҳои «назариявӣ» (БМ) таҳияшуда, барои ҷамъоварии маълумоти аввалия ба забони миллӣ тарҷума шуданд — Дар таҳияи Ҳисобот оид ба таҳлил ва рушди занҷири арзиш бо тамаркуз ба омодасозии “Бизнес-моделҳои такмилшуда” («бо ва бидуни дастгирии лоиҳа») ва такмилдиҳии стратегия (дар Excel ва Word) кӯмак расонида шуд: (1) ҳисобҳои амалиётии иштирокчиёни миёнаи занҷири арзиш, (2) нишондиҳандаҳои техникӣ ва фарзияҳо, (3) таҳлили қадам ба қадами арзишу манфиати иловагӣ ва арзёбии молиявӣ, (4) модели молиявӣ ва усулҳои амалисозӣ — 3 семинарҳо дар асоси методологияи ASTA бо иштироки ҷонибҳои манфиатдори занҷири арзиши зардолупарварӣ гузаронида шуданд — 5 маводҳои иртиботӣ, аз ҷумла ҳикояҳои баҳрабарандагон аз саҳро, хабарнома барои матбуот, эълони семинарҳо, мусоҳибаҳои техникӣ, видеоҳо ва ғайра таҳия ва нашр карда шуданд — 1 семинари ниҳоии фаъолиятҳои лоиҳа гузаронида шуд — Ҳисоботи арзёбии қобилиятҳои иштирокчиёни занҷири арзиш таҳия карда шуд — Ҳадди ақал 5 омӯзишҳо барои иштирокчиёни занҷири арзиш оид ба кишоварзии сабз ва устувории экологӣ гузаронида шуданд — Ҳисобот дар бораи технологияҳо ва таҷрибаҳои устувор ва сабзи кишоварзӣ дар занҷири арзиши зардолу таҳия карда шуд |
| Намуди пардохт | Лоиҳаи мақсаднок |



