☀️ Иштирок дар омӯзиши амалии насби панелҳои офтобӣ

     Мутахассисони мо дар омӯзиши амалӣ оид ба насби панелҳои офтобӣ иштирок намуданд, ки дар доираи лоиҳаи «Таҳияи заминаҳо барои густариши васеи навовариҳои энергетикӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон» баргузор гардид.

📍 Макон: Академияи сабзи ТҶХ “Барги Сабз”, шаҳри Душанбе
🤝 Ташкилкунанда: Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Барги Сабз”
🌍 Ҳамкорон: Ташкилоти Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
💡 Дастгирии молиявӣ: Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ)

Ҳадафи асосии лоиҳа — фароҳам овардани замина барои татбиқи босуръати технологияҳои муосир ва экологӣ дар низоми кишоварзӣ мебошад. Аз ҷумла:
🔹 Насосҳои офтобӣ
🔹 Деворҳои офтобӣ
🔹 Обёрии қатравӣ
🔹 Хушккунакҳои меваҳои офтобӣ

Ин ташаббус ба рушди кишоварзии “сабз”, коҳиши хароҷоти энергия ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ва Қирғизистон мусоидат мекунад.

Мо итминон дорем, ки ҳамгироии технологияҳои офтобӣ ба соҳаи кишоварзӣ на танҳо самаранокии истеҳсолотро баланд мебардорад, балки заминаи устувори иқтисодии деҳотро низ тақвият медиҳад.