Ҳафтаи гузашта гурӯҳи Нексигол, дар ҳамкорӣ бо тими Вазорати кишоварзӣ, ба шаҳри Хоруғ ва 6 ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд. Дар ҷараёни сафар бозомӯзии роҳбарон ва мутахассисони раёсатҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид.
Мавзӯи асосӣ — таъмини рушди устувори соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои амалӣ ва ҳалли воқеӣ барои минтақаҳои кӯҳистон. 🌍🌾



