Дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 27 апрели соли равон бо иштироки соҳибкорони манотиқи мухталифи Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Бизнес-форуми минтақавӣ оиди “Рушди соҳибкории инноватсионӣ” баргузор гардид.
Бахтиёр Бахритидинов, директори ҶДММ «Нексигол Навовар» дар сессияи «Рушди тиҷорати инноватсионӣ дар заминаи беҳбуди инфрасохтор» суханронӣ карда, ба иштирокдорон нақл кард, ки ифтитоҳи мағозаи интернетӣ барои соҳибкорони тоҷик чӣ имкониятҳоро боз мекунад ва чӣ хел «домҳо» мавҷуданд, ки бояд ба назар гирифта шавад.