CANDY IV — Хизматрасониҳо барои КХМ-и ба содирот нигаронидашуда

Кооперативи фермерии «Меваҳои Фирдавс» ташкил карда шуд. Сию ду хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки 148 нафар деҳқон, аз ҷумла 83 нафар занон иборат мебошанд, аъзои ин кооператив ҳастанд. Дар соли 2019 деҳқонони кооператив аввалин маҳсулоти органикии худро ба кишварҳои Аврупо (Олмон ва Италия) содирот намуданд. ҶДММ «Исфара Фуд», ки ширкати коркарди меваи хушк мебошад ва дар ин занҷираи арзиш иштирок менамояд, ба деҳқонон дар омода кардани маҳсулот барои содирот ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла ба навъбандии дуруст, тозакунӣ, калибрченкунӣ ва банду баст мувофиқи талаботи харидорони аврупоӣ кӯмак менамояд. Ҳамасола аъзоёни кооператив тақрибан 300 тн зардолуи хушки органикӣ истеҳсол мекунанд.

 

Доираи истифодабарӣ

Идораи занҷири таъминот

Маблағгузорӣ

ҲИЛФСВЕРК International / EC

Мақсаду самтҳо

Ҳадафи умумии лоиҳа саҳми назаррас ба пешбурди рушд ва тавсеаи корхонаҳои хурду миёнаи ба содирот нигаронидашуда ва ба ин васила мусоидат ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми савдо мебошад.

  1. Тақвияти иқтидори институтсионалӣ, ташкилӣ ва техникии ташкилотҳои дастгирии бизнес (ТДБ) барои пешниҳоди хизматрасониҳои ҳамаҷониба ва ба талабот асосёфта ба корхонаҳои хурду миёнаи ба содирот нигаронидашуда

  2. Баланд бардоштани иқтидори ТДБ дар гузаронидани таҳлили талаботи байналмилалӣ ва пешниҳоди машварат оид ба стандартҳои байналмилалӣ

  3. Таъсиси се занҷири арзиши иловагии кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бо дастгирӣ ва саҳми ТДБ

  4. Таъсиси Барномаи давлатии дастгирии корхонаҳои хурду миёна дар коркарди маҳсулоти хӯрока дар Қирғизистон бо дастгирӣ ва саҳми ТДБ

  5. Бакорандозии Платформаи миллӣ байни бахши хусусӣ ва мақомотҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва саҳми ТДБ

  6. Таъсиси шӯроҳои илмӣ-соҳибкории таҷрибавӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон

  7. Таъсиси Шабакаи ТДБ аз Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

Мӯҳлат

Декабри 15, 2016 – Декабри 31, 2019

Фарогирӣ

Тоҷикистон, Қирғизистон

Кӯмакгирандагон

Деҳқонон ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои дастгирии агробизнес, муассисаҳои давлатии дахлдор

Шарикон

Лидери лоиҳа: ҲИЛФСВЕРК Инт.

Тоҷикистон: ТҶ «Ассоциацияи интеллигенциям илмӣ-техникӣ», Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТҶ «Маркази Идоракунии Сифат»

Қирғизистон: Ассотсиатсияи корхонаҳои меваю сабзавоти Қирғизистон Маркази таълимӣ ва машваратӣ (TES-Center), Ассотсиатсияи Ҷамъиятии АгроЛид

Фаъолиятҳои асосии аз тарафи Нексигол Мушовир амалишуда

  • Фасилитатсияи раванди ташкили кооперативи фермерӣ дар шимоли Тоҷикистон. Дар ҷараёни сафарбаркунӣ, гузаронидани омӯзишҳо оид ба заминаи ҳуқуқии кооперативҳо, тимбилдинг ва роҳбарӣ барои аъзоёни потенсиалии кооператив

  • Гузаронидани омӯзишҳои амалӣ оид ба стандартҳои истеҳсоли органикӣ ва савдои одилона барои аъзоёни кооперативи кишоварзӣ ва кормандони корхонаҳои коркард

  • Ташкили низомҳои назорати сифат ва бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хӯрока дар кооперативи фермерӣ ва 2 корхонаҳои коркард. Ҷорӣ намудани принсипҳои савдои одилона дар кооперативи кишоварзӣ

  • Фасилитатсияи гузаронидани аудит барои сертификатсияи истеҳсолоти органикӣ ва савдои одилона дар кооператив ва корхонаи коркард

  • Таҳияи ду дастурамал бо талаботи мушаххас ва ҳатмӣ оид ба стандартҳои органикӣ ва савдои одилона барои кооперативи фермерӣ. Дар ин ҳуҷҷатҳо қоидаҳои истеҳсолот, идоракунии пас аз ҷамъоварии ҳосил ва усулҳои коркард барои аъзоёни кооператив муқаррар карда шудаанд.