Нексигол гурӯҳест, ки аз 3 ширкатҳо иборат аст: (1) Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нексигол», (2) Ташкилоти Ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» ва (3) Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Нексигол Навовар».
Аввалин ширкат дар гурӯҳ ҶСК «Нексигол» буд, ки соли 2002 таъсис ёфтааст. ҶСК «Нексигол» ба воридот ва фурӯши тухмиҳо ва воситаҳои ҳифзи растаниҳои сертификатсияшуда тавассути шабакаи мағозаҳои кишоварзии «МЕЪРОҶ» машғул аст.
Нексигол Мушовир — ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад. Аз соли 2009 инҷониб, Нексигол Мушовир хизматрасониҳои машваратӣ, омӯзишӣ ва илмӣ-тадқиқотиро дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод менамояд.
Нексигол Навовар – ширкати AgTech буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва бо таҳияи хизматрасониҳои рақамӣ барои беҳтар кардани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ машғул аст.
Ҳамасола Нексигол ба даҳҳо корхонаи хурду миёна, ки ба агробизнес машғуланд ва ҳазорон деҳқонон дар баланд бардоштани фоида аз истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар кардани сифати маҳсулот ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар истеҳсолот, коркард ва маркетинги маҳсулот ёрӣ мерасонад.
АРЗИШҲОИ МО
Ҳадафи мо ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад,
ки агробизнесро даромаднок, самаранок ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар менамояд.
Навоварӣ
Сохтани арзишҳои нави инноватсионӣ дар технологияҳо
Ғамхорӣ
Ғамхорӣ ҳам ба одамон ва ҳам ба табиат
Шаффофият
Ҳамеша кушода, одилона, ростқавлона ва эҳтиромона
Сифат
Беҳтар кардани сифати кори худ
Эътимоднокӣ
Манфиати мизоҷон аввалиндараҷа мебошад
Шарикӣ
Ҳама вақт барои рушди ҳамкорӣ кӯшиш менамоем
Баррасиҳо
Хоҷагии деҳқонии “Соҷидамо”
Роҳнамо ва самараи корҳои хуби деҳқонии мо занони деҳот низ аз дастгириҳои бевоситаи мутахасиссони Нексигол Мушовир буданд, ки имрӯзҳо мо таҷриба, донишҳо ва усулҳои муосири кишти сабзавот ва зироатҳоро аз бар кардем ва таҷрибаҳои аз онҳо гирифташударо сармашқи кори худ ҳисобида, аз онҳо ҳамеша натиҷагирӣ намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштем
Ассотсиатсияи Истифодабарандагони Оби «Боғпарвар»
Вақте, ки ба наздам мутахассисони Нексигол Мушовир омаданд ва аз лоиҳаи наву ворид кардани низоми нави обёрӣ ҳарф заданд, дар дилам нисбати онҳо шубҳаҳои гуногуне пайдо шуд. Агар имрӯз фикрҳои нисбати онҳо ҳамон вақт кардаамро ба ёд оварам, ҳам хандаам меояду ҳам шармам. Дар асл бошад Нексигол Мушовир моро аз хоби гарон бедор кард!
Мағозаи кишоварзии «Хуршед» дар Ашт
Ман хеле шодам, ки ташкилоти шумо дар тиҷорати ман кӯмак мекунад. Аз оғози ҳамкорӣ ман дар якчанд омӯзишҳое, ки аз ҷониби мутахассисони варзидаи ширкати Нексигол Мушовир гузаронида шуда буданд, иштирок кардам. Гуфтан ҷоиз аст, ки рӯзномаи «Агроинформ.Тҷ» барои баланд бардоштани савияи дониши деҳқонони тоҷик нақши худро хеле калон бозидааст
Лоиҳа оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” (USAID)
Лоиҳаи мо аз соли 2014 то соли 2020 бо Нексигол Мушовир ҳамкорӣ дошт, то кишоварзонро тавассути нашри рӯзнома оид ба ислоҳоти замин огоҳ созад. Нексигол Мушовир дар тамоми давраи ҳамкорӣ шартҳои созишномаро бо сифати баланд ва саривақт иҷро кард. Нексигол Мушовир шарики хуб, боэътимод ва муассир барои қонеъ кардани талаботи мизоҷ ва ҳалли вазифаҳо мебошад
Ҳамоҳангсози минтақавии вилояти Суғд
Нексигол Мушовир бо хизматрасонӣ ба ҳамаи иштирокчиёни занҷири арзиш дар соҳаи кишоварзӣ дар таҳкими иқтидори бахши хусусӣ саҳми бузург мегузорад, ки ин ҳам ҳадафи мост. Мо аз ҳамкорӣ бо тими Нексигол Мушовир хеле шод шудем. Мо тасдиқ кардан мехоҳем, ки ҳамаи вазифаҳои дар асоси шартнома ба Нексигол Мушовир гузошташуда саривақт ва босифат анҷом дода шуданд
Афсар оиди низомҳои ғизогирӣ ва озуқаворӣ
Ҳилфсверк Интернешнл
Тими Нексигол Мушовир чорабиниҳоро мувофиқи консепсия ва нақшаи кории лоиҳа амалӣ намуд. Онҳо хеле кордон мебошанд; маводҳо, ҳисоботҳо ва баррасиҳоро бо сифати баланд таъмин намуданд. Муошират аниқ ва зуд аст. Ҳамчун як қисми ин консорсиум, онҳо дар татбиқи ин лоиҳаи хеле мураккаби аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришуда бо талаботи ҳамаҷонибаи сифат аз ҷиҳати самаранокӣ, самаранокӣ ва таъсир саҳми назаррас гузоштанд
ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшн
Нексигол Мушовир шарики маҳаллӣ барои амаликунии лоиҳаи ҲЕЛВЕТАС «Идоракунии миллии захираҳои обӣ», ки аз тарафи SDC маблағгузорӣ шудааст, мебошад. Тими он дар амаликунии лоиҳа фаъолона иштирок намуда, дар инкишофи АИО ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи об дар сатҳи хоҷагиҳо саҳми назаррас гузоштанд. Кормандони Нексигол Мушовир дар давоми иҷроиши лоиҳа кордонӣ, иқтидори калон ва фидокориро нишон доданд
ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
ИМОН Интернешнл ба Нексигол Мушовир барои ҳамкории бобарор арзи сипос баён менамояд. Ҳамкорӣ дар раванди гузаронидани омӯзишҳо оиди мониторинги воқеъӣ барои пешгирии хавфҳои барнагардонидани қарзҳои кишоварзӣ айни муддао буд. Боиси қайд аст, ҳисси масъулиятнокии баланди кормандони Нексигол Мушовир барои дар дараҷаи зарурӣ гузаронидани омӯзишҳо мусоидат намуд
Ассотсиатсияи байналхалқии истеҳсолкунандагон ва содиротчиени маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон
Тамоми корҳои лоиҳа бо сифати баланд, бо камоли кордонӣ ва саривақт иҷро карда шуданд. Дар натиҷа ассотсиатсияи мо имкон пайдо кард, ки маҳсулоташро бо бренди худ ба хориҷи кишвар содирот намояд ва дар бозорҳои дохилию хориҷӣ қобили эътироф ва рақобатпазир гардид.Мо ба ҳамкориамон баҳои баланд дода, ба Нексигол Мушовир барои корҳои анҷомдодашуда изҳори сипос менамоем ва ин ташкилотро ҳамчун мушовири кордон ва масъулиятнок тавсия медиҳем
Ҳайати Шавқат
Ҳайати Шавқат бо Нексигол Мушовир барои баланд бардоштани дониши тиҷоратии соҳибони мағозаҳои маводи кишоварзӣ, ки баҳрабардорони лоиҳаҳои он мебошанд, ҳамкорӣ кардааст. Нексигол Мушовир ҳам омӯзишҳои гурӯҳӣ ва ҳам машваратҳои инфиродӣ гузаронида, пайваста аз интизориҳои мо баландтар буд. Тренерони Нексигол Мушовир дар бораи таҷрибаҳои беҳтарини тиҷорат чуқур огоҳ буданд ва тавонистанд аз мисолҳои маҳаллӣ барои дастгирии минбаъдаи мавзӯъҳои омӯзишӣ истифода баранд
ҶДММ “Меваи Канд”
Ҳадафи ниҳоии ҳамкориҳои мо бо Нексигол Мушовир таҳияи нақшаи бизнеси корхонае буд, ки ба истеҳсоли меваи хушк машғул аст. Дар айни замон ширкат тибқи нақшаи даромад ва хароҷоти бизнес нақшаи таҳияшуда фаъолият мебарад ва тиҷорати худро инкишоф медиҳад, ки аз ҷониби муассисони ширкати мо истиқбол карда мешавад
Лоиҳаи Пружаи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон
Нексигол Мушовир шарики мо дар иҷрои лоиҳаҳоямон дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Нексигол Мушовир дар давоми ҳамкорӣ мақоми баланди касбӣ ва салоҳияти худро дар ҳалли вазифаҳо тасдиқ кард
Ташкилоти Ҷамъиятии «Зан ва Замин»
Хоҷагии Деҳқонии “Баҳром”
Ман аз Нексигол Мушовир на танхо барои пешравии кор ва ободии оилаамон, балки барои мақоми ман дар деҳот миннатдорам. Маро хурду калон ҳурмат мекунанд. Ҳатто беҳтарин агрономҳо баъзан барои маслиҳат ба ман муроҷиат менамоянд. Ҳамаи ин натиҷаи он аст, ки ман ҳамеша донишҳои нав меомӯзам. Ва ман ҳамеша аввалин шуда, ба ин ташкилот муроҷиат мекунам, зеро ман даронҳо на танҳо эътимоду дастгирӣ, балки садоқати воқеиро ба рисолаташон эҳсос кардам.