Ташаббуси Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) оид ба Ғизои Мактабӣ бо Истеҳсолоти Маҳаллӣ (ҒМИМ) барномаҳои ғизои мактабиро бо деҳқонҳои хурди маҳаллӣ барои таъмини мактаббачагон бо ғизои бехатар, гуногун, серғизо ва пеш аз ҳама маҳаллӣ алоқаманд мекунад. Барномаҳои ҒМИМ қадами аввалро дар самти пайваст кардани занҷирҳои арзиши истеҳсолоти маҳаллӣ барои дастгирии таъмини хӯроки серғизо дар мактабҳо таъмин мекунанд. Мактабҳо ба деҳқонони маҳаллӣ барои маҳсулоташон бозори пешбинишавандаро фароҳам меоранд, ки ба даромади устувор, афзоиши сармоягузорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ оварда мерасонанд. Кӯдакон аз ғизои солим ва гуногун баҳравар мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо дар мактаб бимонанд, ба комёбиҳои бештар ноил гарданд ва имконияти шуғли худро дар синни калонсолӣ беҳтар намоянд.
Лоиҳаи мазкур равиши Ғизои мактабӣ бо истеҳсолоти маҳаллии БОҶ-ро тавассути пайваст кардани деҳқонони хурд ба мактабҳо озмоиш ва намоиш медиҳад, ки ба таҷрибаҳои хуби ҒМИМ-и ба шароити маҳаллӣ мутобиқ кардашуда асос меёбад.
Доираи истифодабарӣ |
Дастрасӣ ба бозор | Идораи занҷири таъминот | Кишоварзии устувор | Паҳни дониши кишоварзӣ |
Маблағгузорӣ |
БОҶ |
Мақсаду самтҳо |
Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон усули Ғизои Мактабӣ бо Истеҳсолоти Маҳаллӣ-ро дар ноҳияҳои интихобшуда дар соли 2023 амалӣ мекунад. Мақсади умумии ин лоиҳа баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва ғизои кӯдакон дар мактабҳои мақсаднок тавассути таъмини онҳо бо хӯрокҳои серғизо ва гуногун мебошад. Ҳамзамон, мақсади лоиҳа баланд бардоштани дастрасии деҳқонони хурд ба бозори институтсионалӣ барои афзоиши даромад ва беҳбуди воситаҳои зиндагии онҳо мебошад. Созишномаи сатҳи саҳроӣ (FLA) бо Нексигол Мушовир ҳамчун шарики ҳамкор барои амалисозии ин лоиҳа ба имзо расонида шудааст. |
Мӯҳлат |
Майи 10, 2023 – Феврали 29, 2024 |
Фарогирӣ |
Ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Спитамен дар вилояти Суғд, Кӯлоб ва Восеъ дар вилояти Хатлон ва Рашту Тоҷикобод дар НТМ |
Кӯмакгирандагон |
Баҳрабардорони бевоситаи лоиҳа 30 мардон ва 60 занон аз хоҷагиҳои деҳқонии хурд, инчунин 1-6 тоҷирон мебошанд, ки дар байни деҳқонон ва мактабҳо нақши пайвасткунанда хоҳанд дошт. |
Шарикон |
Гурӯҳҳои Истеҳсолӣ/Гурӯҳҳои Истеҳсолии Занона, мактабҳои мақсаднок, ҳукуматҳо, шӯъбаҳои маориф, шӯъбаҳои кишоварзии ноҳияҳо ва вилоятҳои мақсаднок, мақомоти ҷамоатҳои ҳар як макони мактабҳои мақсаднок, Кумитаҳои Идоракунии Лоиҳа, тоҷирони хурду миёна |
Фаъолиятҳои асосӣ |
(1) Таъсиси бонки тухмӣ барои ҷорӣ намудани тухмиҳои ба тағирёбии иқлим тобовар
(1) Таъсиси гурӯҳи истеҳсолкунандагон ва идоракунии инклюзивии гурӯҳ
|