Муаррифии лоиҳаҳои рақамии кишовари ба Сарварзир кишвар

     Дар доираи ҷамъбасти соли 2025, дар моҳи декабр, барои тими Нексигол дар ҳамкорӣ бо Маркази рақамикунонӣ,инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ шарафи бузург буд, ки панҷ лоиҳаи инноватсионии рақамӣ ва агро-иқлимии худро назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва шарикони рушд муаррифӣ намоем.
Зимни боздид аз намоишгоҳ, ба татбиқи технологияҳои истеҳсоли биогаз таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аҳамияти он ҳамчун манбаи энергияи тоза ва бионурии органикӣ барои рушди устувори кишоварзӣ таъкид шуд. Ҳамчунин, лоиҳаи идоракунии рақамии обёрии зироатҳо ҳамчун ҳалли муҳим барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ арзёбӣ гардида, дастур дода шуд, ки санҷиш ва татбиқи он дар майдонҳои калон ҳарчи зудтар оғоз гардад.
Илова бар ин, як қатор лоиҳаҳои рақамӣ, аз ҷумла харитаи рақамии кишоварзӣ, низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо df чатбот барои кишоварзон муаррифӣ шуданд. Таъкид гардид, ки ин хизматрасониҳо бояд дар ҳамаи минтақаҳои кишвар барои деҳқонон дастрас бошанд ва дар муҳлати кӯтоҳ шумораи истифодабарандагон ба таври назаррас афзоиш ёбад.
Боиси қайд аст, ки ин дастовардҳо — фаъолияти тими муттаҳид, масъул ва касбии мо мебошад, ки бо ҳамоҳангӣ бо Вазорати кишоварзӣ пайваста дар рушди устувори соҳаи кишоварзии кишвар саҳм мегузорад.