GREEN CA ташклиотҳо ва коршиносони мустақили Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад, ки фаъолияташон ба самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисод ва муҳити зист фаро мегирад. Ҳадафи ин шабака таъмини истифодаи устувори захираҳои табиӣ тавассути муттаҳид кардани коршиносон ва истифодаи дониши онҳо барои татбиқи ғояҳои иқтисоди сабз ва рушди камкарбон дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Шабакаи GREEN CA хизматрасониҳо барои гузаронидани тадқиқотҳои байнисоҳавӣ, амалисозии чораҳои амалӣ, ки ба ҳалли мушкилотҳои, аз қабили мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва энергия, ҳифзи гуногунии биологӣ ва эконизомҳои табиӣ, инчунин дастрасӣ ба пойгоҳи додаҳои коршиносон ва ташкилотҳои экспертӣ пешниҳод менамояд.
Аз 11-ум то 13-уми апрели соли 2023 дар шаҳри Тошканд вохӯрии минтақавии аъзоёни GREEN CA баргузор гардид, ки дар он аъзоёни нав ҳамроҳшуда, ба мисли Нексигол Мушовир низ ширкат доштанд. Дар вохӯрӣ стратегияи рушди шабака, имконоти таҳкими иштироки шабака дар ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуда, мавзӯъҳои асосӣ муайян карда шуд, ки GREEN CA оид ба онҳо хулосаи коршиносии худро таҳия карда, ба ҷомеа пешниҳод мекунад: (1) Нерӯи атомӣ, (2) Тағйирёбии иқлим, (3) Захираҳои об, (4) Заминистифодабарӣ, (5) Иқтисоди таназзули замин, (6) Арзёбии таъсири муҳити зист (ОВОС), (7) Арзёбии хатари офатҳои табиӣ ва ( 8) Иштироки ҷомеъа дар қабули қарорҳои аз ҷихати экологӣ аҳамиятнок (шӯроӯои ҷамъиятии назди сохторхои давлатӣ).
Дар ин видео,Шумо метавонед порчае аз муаррифии натиҷаи кор дар гурӯҳ оид ба таҳияи хизматрасони эҳтимолии GREEN CA барои муассисаҳои молиявӣ тамошо кунед:
Маълумоти бештарро дар бораи лоиҳаҳои микрогрантии наздимактабӣ дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.