Платформаи электронӣ оид ба кишоварзии сабз

Базаи маводҳои омӯзишӣ оид ба таҷрибаҳои пешқадам ва усулҳои экологикунии («сабзкунӣ») занҷираҳои арзишии кишоварзӣ омода карда шуд. Платформаи электронӣ дар бораи равишҳои инноватсионӣ, усулҳо ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзии сабз таҳия карда шуд — greenagro.asia . Ду чорабинии табодули дониш ва чор омӯзиш оид ба усулҳои истеҳсолоти кишоварзии сабз гузаронида шуд, ки дар онҳо 85 нафар намояндагони занҷираҳои арзишии кишоварзӣ, аз ҷумла 37 нафар занон – 43% иштирок намуданд.

 

Доираи истифодабарӣ

Паҳни дониши кишоварзӣ | Кишоварзии устувор

Маблағгузорӣ

БРСММ / Government of Norway

Мақсаду самтҳо

Таҳия, роҳандозӣ ва пешбурди Платформаи дониш барои кишоварзии устувор дар Тоҷикистон, ки ба беҳтар кардани дастрасии ҷонибҳои манфиатдори занҷирҳои арзиш ба дониш ва иттилоот оид ба равишҳои инноватсионӣ, усулҳо ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзии сабз мусоидат менамояд

Мӯҳлат

Майи 15, 2019 – Ноябри 30, 2019

Фарогирӣ

Тоҷикистон

Кӯмакгирандагон

Деҳқонон ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои дастгирии агробизнес, муассисаҳои давлатии дахлдор ва дигар иштирокчиёни занҷираи арзиши иловагии кишоварзӣ

Шарикон

Фаъолиятҳои асосӣ

  • Гузаронидани таҳлили платформаҳои мавҷудаи электронӣ, хизматрасонҳои интернетӣ ва дигар манбаъҳои иттилоот дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки иттилооти онлайниро оид ба кишоварзии сабз пешниҳод мекунанд

  • Дар асоси сохторҳои кишоварзие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, муайян намудани ҷонибҳои манфиатдор ва истифодабарандагони эҳтимолии иттилоот, ки метавонанд барои экологикунии («сабзкунӣ») занҷираҳои арзишии кишоварзӣ зарур бошанд

  • Ҷамъоварии маводҳо, таҷрибаҳо, технологияҳо, усулҳо ва ғайраҳо оид ба экологикунии («сабзкунӣ») занҷираҳои арзишии кишоварзӣ

  • Таҳия ва бакорандозии платформаи миллии электронӣ оид ба равишҳои инноватсионӣ, усулҳо ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзии сабз

  • Гузаронидани ҳадди ақал 2 чорабинии табодули дониш дар барои платформаи электронии таҳияшуда дар минтақаҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ тавассути онлайн воситаҳо ва платформаҳо

  • Гузаронидани ҳадди ақал 4 омӯзишҳо оид ба экологикунии («сабзкунӣ») занҷираҳои арзишии кишоварзӣ