Се тақдир бо як мушкилот

Мирислом Комилов, зодаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷони Ғафуров кайҳо боз орзуи бунёди боғ дошт. Тирамоҳи соли 2016 орзуи деринааш амалӣ шуд. Ӯ аз шаҳраки Сайҳун панҷ гектар замин гирифт. Аллакай ду ҳазор бех ниҳол шинонид: зардолу, шафтолу ва олу. Ҳоло вай бо гирдмаҳкамкунии боғ машғул аст. Дар баробари кори хоҷагӣ Мирислом ба мушкилии калон дучор шуд.

Боғи зардолу дар шаҳраки Сайҳун
Боғи зардолу дар шаҳраки Сайҳун

«Оби обёрӣ муаммо нест, зеро дар ин ҷо сарчашмаҳои зиёд мавҷуданд. Аммо бо насби низоми обёрии қатравӣ (НОҚ) саволҳои зиёде ба миён омад. Ман ба таъминкунандагони гуногун, соҳибкорон муроҷиат кардам. Барои панҷ гектар яке беш аз 55 000 сомонӣ (6500 доллар) ва ҳамчунин бо пешпардохти 100%. Дигаре 42 ҳазор (5 ҳазор доллар), сеюмин 35 ҳазор (4120 доллар) хостааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки аз 20 ҳазор сомонӣ зиёд харҷ намекунам. Ба кӣ бовар кунам, чӣ хел кунам? Чаро чунин фарқият вуҷуд дорад?».

Ба ҳамин гуна мушкилот даҳҳо нафар рӯбарӯ шудаанд, ки дар шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таъсиси гӯшаи меваҷот шурӯъ мекунанд.

 

Обёрии қатрагӣ дар шаҳраки Сайхун
Обёрии қатрагӣ дар шаҳраки Сайхун

Ин шаҳрак дар 10-километр аз шимолу ғарби Хуҷанд воқеъ аст. Заминҳои ин макон асосан хушканд. Бо мақсади сарфа ва сарфакорона истифода бурдани об, обьёрии боғҳо танхо ба воситаи НОҚ ташкил карда мешавад. Афзалияти калон ба барпо намудани боғҳои интенсивӣ дода мешавад. Аллакай бештар аз ҳазор гектар боғ буньёд карда шудааст. Боз се ҳазор гектар замин соҳибони худро интизоранд.

Ба гуфтаи сардори раёсати Муассисаи давлатии ҳифзи биноҳо Мирзоато Азимӣ, боғҳои Сайхун тариқи се манбаъи асосӣ обёрӣ карда мешаванд, ки метавонанд тамоми сол минтақаро бо оби обёрӣ таъмин кунанд:

  1. Водокачка
  2. Уткансой
  3. Пойгоҳҳои насоси Сайҳун-1 ва Сайҳун-2

Низоми обёрии қатравӣ бе сабаб интихоб нашудааст. Ин усул назар ба обёрии анъанавӣ панҷ баробар сарфакорона буда, инчунин ба сарфаи нуриҳои минералӣ ёрӣ мерасонад. Ғайр аз ин, заминро аз шусташавӣ ва эрозия муҳофизат мекунад,– мегӯяд Мирзоато Азимӣ. — Моҳи март навбати дуюми пойгоҳи насосии «Сайҳун-2» ба истифода дода шуд. Ин пойгоҳ дар як сония 850 литр обро бор мекашад.».

Станцияи насосии Сайхун-2
Станцияи насосии Сайхун-2

Азимӣ тасдиқ кард, ки фарқияти нархҳо байни тоҷирон ва таъминкунандагони НОҚ вуҷуд дорад. Инчунин ӯ афзуд, ки барои ҷорӣ кардани НОҚ дар панҷ гектар замин то 25 ҳазор сомонӣ лозим аст.«Бо супориши раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар дастгоҳи иҷроия мутахассисон, агрономхо кор карда истодаанд, ки оид ба ташкил ва татбиқи НОҚ маслиҳату машваратҳои ройгон медиҳанд. Ҳамаи боғбонҳое, ки ба мушкилот дучор мешаванд, метавонанд дар вақти дилхоҳ бо мо тамос гиранд. Мутахассисони маҳаллӣ аз назар гузаронида, ба шумо сметаи хароҷот тартиб медиҳанд ва барои бо нархи дастрас кардани қисмҳои эҳтиётӣ кӯмак мерасонанд. Инчунин, чӣ тавр насб карданро нишон медиҳанд. Ин хеле осон ва арзонтар аст.».

Вақте ки дар як гӯшаи шимоли Тоҷикистон масъалаҳои ҷорӣ кардани НОҚ ҳал мешавад, мушкилотҳои оби обёрӣ дар дигар ноҳияҳо характери тамоман дигар доранд.

Баҳодур Мӯминов деҳқони ботаҷриба аз ноҳияи марзии Зафаробод аст. Зиёда аз даҳ сол хоҷагии деҳқонии Самиҷонро роҳбарӣ мекунад. Майдони умумии замини ӯ 9 гектарро ташкил медиҳад, ки бо ёрии пойгоҳҳои насосӣ обёрӣ мешавад. Ният дорад, ки дар 7 гектар пахта кишт кунад. Ба гуфтаи ӯ, пахта зироати техникӣ буда, ба об хеле серталаб аст. Аммо, пойгоҳҳои насосӣ, ки аз худи Баҳодур калонсолтаранд, муддати дароз аз ӯҳдаи таъмини об намебароянд.

«Заминҳои ман санглоханд. Барои заминҳои санглох ду баробар зиёд об лозим аст. Агар дар даҳ рӯзи аввали кишти пахта заминамро бо оби дуруст таъмин карда натавонам, ҳосили дилхоҳро гирифта метавонам,» — мегӯяд деҳқон.

Имрӯз ба Баҳодур Мӯминов иҷозат дода шудааст, ки дар мавсим дар як шабонарӯз 80 литр об гирад. Ҳол он, ки ба ӯ ду баробар зиёд меъёр лозим аст. Маҷбур шудам, ки соатҳои обтаъминкуниро аз 24 ба 12 кам кунам. Соли дуюм аст, ки даҳҳо деҳқонони Зафаробод бо ин мушкилӣ дучор мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, барои як мавсими пурра барои ҳар як гектар кишти пахта онҳо ҳудуди 600 доллари ИМА сарф мекунанд. Маҳз об сабаби он мегардад, ки деҳқонон даромади дилхоҳи худро гирифта наметавонанд.

Навбат барои об дар райони Зафаробод
Навбат барои об дар райони Зафаробод

«Ман 6 соати дар ҳар чор рӯз об мегирам. Ин дар авҷи мавсим, аз моҳи апрел то нимаи моҳи май хеле кам аст. Дар ин марҳила об қариб нест. Ва вақте ки об дигар лозим нест, каналҳо пур мешаванд. Асосан ин дар моҳҳои июл-август аст,» — мегӯяд як деҳқони дигари ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод.

Зафаробод ноҳияи назди сарҳадӣ бо вилоятҳои Сирдарё ва Ҷиззахи ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Байни онҳо дарёи Сир ҷорӣ мешавад, ки киштзорҳои Зафарободро обёрӣ мекунад. Имрӯз об дар вақташ қариб намерасад. Дар бораи ҷорӣ кардани НОҚ сухане нест. — Хеле «қиммат» — механданд деҳқон.

Соли 2016 аз ҷониби ҳукумати вилоят хатсайрҳои асосии канал пурра таъмир карда шуд. Деҳқонон умедворанд, ки навбати таъмири иншоотҳои насосӣ низ дур нест.

Сокинони деҳаҳое, ки дар марзи Қирғизистон ҷойгиранд, хушбахттар будаанд. Соли дуюм аст, ки бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар соҳаи тақсими одилона ва сарфаи оби обёрии канали Хоҷа Боқирғон фаъолият доранд. Лоиҳаи калонтарин оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар саросари кишвар идома дорад. Маблағи умумии лоиҳа, ки барои беҳбуди таъмини об равона шудааст беш аз 7,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Иштирокчии фаъоли семинару машғулиятҳо, бобои Боир Бобоҷонов, раиси хоҷагии деҳқонии Боирҷони ҷамоати деҳоти Овчи Қалъача мебошад. Ӯро на танҳо барои синну солаш ва таҷрибаи калонаш, балки барои ҳамкории зич бо ташкилотҳои гуногун эҳтиром мекунанд.
 

«Ташкилотҳои байналмилалӣ ба мо кӯмаки зиёд мерасонанд. Мо аз ин ташкилотҳо чизҳои соддаро ёд гирифтем, ки чӣ тавр бояд заҳбурҳо дуруст тоза карда шаванд, дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоби обёрӣ дар ҳар як қатори пахта, аз болои қатор чӣ қадар об медарояд, аз поён чӣ қадар об мебарояд ва ғайра. Барои ҳар як хоҷагӣ ҷиҳозонидани обченкунакҳоро маблағгузорӣ карданд. Инчунин, дар киштзори пахта дар якчанд хоҷагиҳо ба ҳар як қатор қубурҳои пластмассавӣ гузошта шуд, ки барои бо як меъёр ҷорӣ шудани об кӯмак мерасонад » — мегӯяд бобои Боир.

Бобои Боир дар хонадонаш дар райони сарҳаддии Овчи Қалъача
Бобои Боир дар хонадонаш дар райони сарҳаддии Овчи Қалъача

Чӣ хеле ки маълум гардид, қубурхо фоидаи калон доранд: обро меъёр кардан, қаторҳоро тоза кардан, алоҳида рафта ба ҳаракати об назорат кардан лозим нест, меҳнати дастӣ ва вақт кам сарф мешавад. Ин қубурҳо барои баробар тақсимот кардани об кӯмак мерасонанд. Илова бар ин, аз ҳар гектар метавон танҳо барои оби обёрӣ 600 сомонӣ (65 доллар) сарфа намуд. Ҳамаи деҳқононе, ки зироатхои онҳо коркарди байни қаториро талаб намекунанд, метавонанд ин усули обёриро насб кунанд.

«Ба қадри имкон мо бояд аз кӯмаки ташкилотҳоро истифода барем. Ҳар яке аз онҳо бо як чизи нав ба назди мо меояд. Бо тараққиёти замон қадам зада, усулҳои пешқадами обёриро ҷорӣ кардан лозим аст. Замони колхозҳо, ки ба ҳама чиз Союз ҷавобгар буд, кайҳо гузаштааст,» —  мегӯяд деҳқон.

«Бобои Боир судяи халқӣ интихоб шудааст. Дар баъзан ҳолат деҳқонон барои об шуда ҳамдигарро бо калтак ва бел мезананд. Агар ба суд муроҷиат кунед, пули бисёр беҳуда меравад. Ба милитсия занг занед, ҳамаро дастгир мекунанд. Бобои Боир ба ҷои муноқиша рафта, ҳамаро тинҷу ором ва насиҳат мекунад. Ҳама аз якдигараш бахшиш мепурсанд ва корро давом медиҳанд. «Ташкилотҳо ба ӯ чӣ гуна миёнаравӣ карданро ёд доданд», — мегӯянд деҳқонони маҳаллӣ.

***    ***    ***

Раёсати истифодабарии об ва мелиоратсияи вилояти Суғд
Раёсати истифодабарии об ва мелиоратсияи вилояти Суғд

Бино ба иттилои шӯъаи истеҳсолии Раёсати кишоварзӣ, дар вилояти Суғд 225 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст. Муовини Раёсати истифодабарии об ва мелиоратсияи вилоят Ҳалимҷон Ҳоҷиев қайд кард, ки беш аз 160 ҳазор гектари заминҳо бо насосҳои сунъӣ обёрӣ мешавад. Боқимонда бо обҳои худҷорӣ/равони дарёҳои Хоҷа Боқирғон, Оксу ва Исфара обёрӣ мешаванд.

«Дарёи Сир заминҳоро бо насосҳо обёрӣ мекунад, зеро он дар наздикии заминҳои кишт ҷорӣ намешавад. Дар шаҳраки Сайҳун ҳам обёрӣ тариқи насосҳо иҷро карда мешавад. Барои сарфаи об ва зуд-зуд таъмир нашудани пойгоҳҳои обкашӣ беҳтар аст, ки дар баъзе минтақаҳо тадриҷан ба усули НОҚ гузаранд» — мегӯяд Ҳалимҷон Ҳоҷиев.

Тоҷикистон аз захираҳои обӣ, дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо бой буда, барои обёрии заминҳои кишварҳои поёноб чашма маҳсуб мешавад. Аммо масъалаи ба заминҳои кишоварзӣ расонидани об ҳанӯз кушода аст. Сарфи назар аз барномаҳои сершумори давлатӣ, деҳқонони маҳаллӣ то ҳол ба норасоии шадиди манбаи ҳаётан муҳими табиӣ дучор меоянд. Ҳама гуна кӯмак оид ба рушди низоми обёрӣ ба ҳалли стратегияҳои асосии кишвар: паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.

Хосият Комилова