ТАБЛИҒОТИ БИОРЕАКТОРҲО ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар доираи ин фаъолият Нексигол Мушовир технологияи биореактории истеҳсоли биогазро, ки аз ҷиҳати истифодабарӣ соддаю аз ҷиҳати арзиш дастрас мебошад, санҷида, озмоишҳо гузаронида, ба шароити маҳаллии кишварамон мувофиқ кунонида, насб кардани ин низомро ба хоҷагиҳои чорводор пешкаш менамояд.

Ширкати Systema.bio технологияи истеҳсоли низомҳои муосири самаранок ва устувори биогазро ба роҳ мондааст. Он аллакай дар Хиндустон дар шароити гуногуни иқлимӣ ва географй зиёда аз 60 ҳазор адад низомҳоро насб кардааст. Барои манфиати деҳқонони Осиёи Марказӣ (аз Тоҷикистон оғоз карда), он бо Нексигол Мушовир барои паҳн кардани фоидаи биогаз дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ мекунад. Лоиҳаи ибтидоии озмоишӣ ба ҳарду тараф дарк кардани имконпазирии ин лоиҳаро дар миқёси васеъ кӯмак хоҳад кард. Дар ниҳоят, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки навовариҳои молиявӣ ба монанди қарзҳои карбониро истифода баранд, то ин маҳсулот ба аксарияти деҳқонон дастрас шавад.

 

Доираи истифодабарӣ Кишоварзии устувор | Идораи занҷири таъминот | Дастрасӣ ба бозор | Паҳни дониши кишоварзӣ
Маблағгузорӣ Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” (MDRD). Маблағгузор: Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID). Иҷрогар: ACDI/VOCA
Мақсаду самтҳо Мақсади асосии ин фаъолият ноил шудан ба коҳиши партовҳои гази метан ва оксиди нитроген (ки аз сабаби истифодаи нуриҳои синтетикӣ ба вуҷуд меоянд) тавассути ҳамкориҳои муштарак дар рушди бозори биореакторҳо дар кишвар мебошад.
Мӯҳлат Январи 2 — Декабри 31 2024
Фарогирӣ Минтақаҳои мақсаднок Суғд, Хатлон ва НТМ мебошанду ноҳияҳои мақсаднок дар раванди интихоби соҳибкорону деҳқонон барои ҳамкорӣ муайян карда мешавад.
Кӯмакгирандагон Деҳқонони хурду миёна, корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти ширӣ, ҷавондухтарон ва ҷавонписарон аз деҳот
Шарикон Sistema.bio, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»
Фаъолиятҳои асосӣ Дар зер рӯйхати натиҷаҳои асосии интизории лоиҳа оварда шудаанд:
— 8 маҷмӯаҳои биореактор бо 4 намуд андоза ба Тоҷикистон воридот карда шуда, барои намоиш омода шудааст
— Аз ҷониби НМ барои таҳияи муштарак, озмоиш ва паҳни ин технологияҳо ҳадди ақал 30% саҳмгузорӣ карда шудааст
— Ҳадди ақал 5 мутахассисони техникии НМ ҳамчун коршиносони миллии техникӣ ва тренерони технологияҳои биореакторӣ омӯзиш гузаштанд
— Технологияи биореакторӣ ба шароити маҳаллии Тоҷикистон мутобиқ карда шуда, тадбирҳои зарурии мутобиқсозӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд.
— Натиҷаҳои таҷрибаҳо оид ба насби гармхонаҳо барои пӯшидани болои биореактор ва ноил шудан ба ҳарорати зарурӣ дар моҳҳои сард, инчунин омехта кардани поруи гов ва парранда барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли биогаз ҳуҷҷатгузорӣ ва татбиқ карда шуданд
— 8 маҷмӯаҳои биореактор бо 4 намуд андоза дар се минтақаи кишоварзӣ (Хатлон, Суғд ва НТҶ) дар ҳамкорӣ бо деҳқонону соҳибкорони маҳаллӣ санҷида шуданд
— Аз ҷониби деҳқонон ва соҳибкорони маҳаллӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои таҷрибавӣ ҳадди ақал 30% саҳмгузорӣ карда шудааст
— Фикру мулоҳизаҳои мизоҷони озмоишӣ ҷамъоварӣ ва барои танзими маҷмӯи хусусиятҳои гуногуни маҳсулот истифода шуданд
— Биореакторҳои озмоишӣ барои ҳисоб кардани таъсири иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд
— Аз ҷониби мизоҷони озмоишӣ ҳадди ақал 140 тонна партов коркард карда шуд
— Аз ҷониби мизоҷони озмоишӣ ҳадди ақал 5200 м3 биогаз аз истеҳсол карда шуд
— Аз ҷониби мизоҷони озмоишӣ ҳадди ақал 430 тонна бионурӣ истеҳсол карда шуд
— Дар хоҷагиҳои чорводории мизоҷони озмоишӣ ҳадди аққал 150 тонна партовҳои CO2e кам карда шуд
— Маводҳои иттилоотӣ (масалан, мақолаҳо ва барномаҳои телевизионӣ/радио) бо иштироки фаъолонаи мизоҷони озмоишӣ таҳия ва паҳн карда шуданд, ки бартариҳои истеҳсоли биогаз/бионурӣ ва имкониятҳои фармоиши биоректорро пешкаш менамоянд
— Дар ҳар як аз 8 қитъаҳои намоишӣ ҳадди ақал 3 Рӯзҳои Кушоди Саҳроӣ бо иштироки на камтар аз 500 ҷонибҳои манфиатдор ташкил карда шуданд
— Ҳадди ақал 40 нафар ҷавонони деҳот аз тамоми манотиқи кишвар ҳамчун мутахассисони маҳаллӣ дар технологияи биореакторҳо омӯзиш гузаштанд
— Барои ҷавонони деҳот барои иҷрои фармоиши насби биореактор ҳадди ақал 40 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд
— Аз ҷониби мизоҷони озмоишӣ ҳадди ақал 190 тонна бионурӣ фурӯхта шуд
— Ҳадди ақал 15 мизоҷони нав барои насби биореактор шартнома имзо карданд
Дар бораи технологияи интиқолдодашаванда Дар доираи ин фаъолият технологияи биореактори гибридии биогаз пешкаш карда мешавад, ки барои коркарди поруи чорвою паррандаҳо пешбинӣ шудааст. Реактор поруи бо об омехташударо коркард намуда, биогаз ва бионурӣ истеҳсол мекунад. Биогазро барои пухтани хӯрок, ё гарм кардани об истифода бурдан мумкин аст. Онро инчунин барои гарм кардани молхонаҳо ва гармхонаҳо, ва ҳатто барои дастгоҳҳои говдӯшӣ, насосҳои обӣ, мошинаи хошокмайдакунӣ ва ғ. истифода мебаранд. Бионурӣ ҳосилхезии хокро беҳтар ва ҳосилнокии зироатҳоро баланд менамояд.
Биореактор ҳангоми истифодаи поруи чорвою паррандагони гуногун, ба монанди гов, гӯсфанд, буз, асп, харгӯш, мурғ ва ғ. кор мекунад. Аммо истифодаи поруи гов ва мурғ барои истеҳсоли биогаз нисбатан самаранок аст. Биореактор ҳамагуна намуди партовҳои органикӣ, аз ҷумла боқимондаҳои ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва появу барги растаниҳоро коркард карда метавонад.