Такмили иқтидори АИО дар идоракунии оби обёрӣ

Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон ба таҳкими захираҳои об ва идораи ирригатсионӣ дар ҳавза ва сатҳи дохилихоҷагии қисми Тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир, ки ба дастрасии об мусоидат мекунад, равона шудааст ва ба ин васила ба амнияти озуқаворӣ, пастшавии хатарҳои офатҳои табии ба об алоқаманд, беҳбудии вазъи зиндагии аҳолӣ ва рушди нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар деҳаҳои озмоишӣ мусоидат менамояд. Натиҷаи интизорӣ рушди низомҳои ирригатсионӣ ва заҳбурҳо тавассути кори устувор ва нигоҳдории дуруст аз ҷониби АИО-ро дар бар мегирад. Беҳтарсозии обёрӣ яке аз чаҳор рукни рушди АИО мебошад, ки идоракунӣ ва рушди институтсионалии АИО, идоракунии обёрии АИО ва идоракунии молиявӣ ва дороиҳои АИО-ро дар бар мегиранд.

 

Доираи истифодабарӣ

Паҳни дониши кишоварзӣ | Кишоварзии устувор

Маблағгузорӣ

ҲЕЛВЕТАС / SDC

Мақсаду самтҳо

Ҳадафи ин зерлоиҳа баланд бардоштани иқтидори АИО дар идоракунии низомҳои ирригатсионӣ тавассути пешниҳоди омӯзишҳо ва расонидани кӯмаки техникӣ оид ба ченкунӣ ва мониторинги истифодаи об мебошад

Мӯҳлат

Сентябри 1, 2016 – Августи 31, 2018

Фарогирӣ

Се ноҳияҳои вилояти Суғд: Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов ва Спитамен

Кӯмакгирандагон

Ассотсиатсияҳои Истифодабарандагони Об (АИО)

Шарикон

Фаъолиятҳои асосӣ | комёбиҳо

  • Маводҳои омӯзишӣ оид ба истифода ва нигоҳдории низоми обёрӣ барои АИО таҳия ва ба Маркази таълимии вилояти Суғд оиди обёрӣ супорида шуданд

  • 29 АИО оид ба баҳисобгирии одилонаи об, нигоҳдории устувори низомҳои ирригатсионӣ ва заҳбурҳо дар каналҳои худ омӯзонида шуданд

  • 29 АИО нақшаҳои тақсимоти об ва нақшаҳои истифодабари об ва нигоҳдории низомҳои обёриро таҳия карданд, ки дар маҷлисҳои умумии онҳо тасдиқ карда шуданд

  • Ҳисоботи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои муқоисаи ҳаҷми гирифтаи оби обёрӣ бо нақшаҳои истифодаи об таҳия карда шуд