Таъсиси қитъаҳои намоишӣ барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои сабз

Фаъолияти мазкур бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаҳои намояндагони меҳмонхонаҳои мақсаднок оид ба технологияҳои сабз дар водии Зарафшон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Green. Clean. Healthy” (Сабз. Тоза. Саломат.) дар водии Зарафшон равона карда шудааст

Доираи истифодабарӣЭнергияи барқароршаванда, Кишоварзии ҳушмандонаи муҳитзистӣ, Кишоварзии устувор, Технология ва инноватсия, Камкунии партовҳо
МаблағгузорӣЛоиҳаи “Green. Clean. Healthy” (Сабз. Тоза. Саломат.) аз тарафи АТСЗ-ҚН амалӣ карда мешавад
МаблағгузорАссотсиатсияи Тараққиёти Сайёҳии Зарафшон
Мақсаду самтҳоТашкили қитъаҳои намоишии 3 адад гармхона, 3 адад иншооти биогумус ва 1 адад таҷҳизоти истеҳсоли биогаз аз поруи чорво дар меҳмонхонаҳои мақсаднок
Вазифаҳо— Бунёди гармхонаҳои нақбӣ
— Насби таҷҳизоти истеҳсоли биогаз бо гармхона ва хоҷагии амудӣ
— Ташкили иншооти биогумус бо кирмҳои калифорниягӣ
— Гузаронидани омӯзишҳо
— Ташкили таблиғоти лоиҳа
— Дастгирии техникии баҳрабарандагон
Санаи саршавӣ02-01-2025
Санаи итмом30-04-2025
Мӯҳлат4 моҳ
ФарогирӣВилояти Суғд, Водии Зарафшон, ноҳияи Айнӣ, ҷамоати Урмента, деҳаи Мадм ва ҷамоати Фондарё, дещаи Диҷики, ш. Панҷакент, ҷамоати Шинг, деҳаи Нофин
БаҳрабарандагонМеҳмонхонаҳои мақсаднок
Миқдори баҳрабарандагон— Дар 3 меҳмонхонаҳои мақсаднок қитъаҳои намоишӣ ташкил карда шуд, аз ҷумла: 3 адад гармхонаи мавсимӣ, 3 адад иншооти биогумус, 1 адад таҷҳизоти биогаз ва хоҷагии амудӣ барои истеҳсоли хӯроки сабзи чорво
ШариконВазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ", Sistema.bio
Фаъолиятҳои асосӣ— Азназаргузаронии шароити меҳмонхонаҳои интихобшуда ва пешниҳодҳо барои мутоқибати низом
— Дастурдиҳии пешакӣ барои омодасозии ҷойи насби технологияҳо
— Интихоб ва таҳвили таҷҳизот барои истеҳсоли биогаз, насби гармхонаҳо ва иншооти биогумус
— Насби таҷҳизотҳои истеҳсоли биогаз, гармхонаҳо ва иншооти биогумус
— Гузаронидани омӯзиши техникӣ оид ба тарзи идоракунии низоми истеҳсоли биогаз, истифодабарии дурусти гармхонаҳо ва истеҳсоли биогумус барои баҳрабарандагон
— Гузаронидани санҷишҳои дуруст коркунии низомҳо ва технологияҳои насбкардашуда
Натиҷаҳои чашмдошт— Гармхонаҳои мавсимӣ нақбӣ 3 адад (андоза: дарозӣ — 6м, бар — 4 м, баландӣ 3 м) насб шуд
— Таҷҳизоти истеҳсоли биогаз 1 адад (Модели 6) насб шуд
— Гармхона барои болопӯши биореактор ва хоҷагии амудӣ барои истеҳсоли хӯроки сабзи чорво насб шуд
— Иншооти биогумус 3 адад (андоза: дарозӣ — 4 м, бар — 1м, чуқурӣ — 1 м) бунёд карда шуд

Ҳамаи лоиҳаҳо