Тақвияти хадамоти машваратдиҳии кишоварзӣ баҳри рушди устувори растанипарварӣ

Бо дархости Ҳукуматҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ФАО тасмим гирифт, ки барои татбиқи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори хадамоти паҳни дониши кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба интенсификацияи устувори зироаткорӣ» кӯмаки техникӣ расонад. Ҳадафи лоиҳа ба таъминкунандагони давлатӣ ва хусусии хизматрасонӣ барои баланд бардоштани иқтидори техникӣ ва баланд бардоштани дониш оид ба идоракунии муосири зироат мусоидат намудан аст. Мувофиқи натиҷаи тендер, амалисозии чорабиниҳои лоиҳавӣ дар Тоҷикистон ба зиммаи Ташкилоти Ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» гузошта шуд.

 

Доираи истифодабарӣ

Паҳни дониши кишоварзӣ | Кишоварзии устувор

Маблағгузорӣ

ФАО

Мақсаду самтҳо

Ҳадафи лоиҳа пешниҳоди барномаи таълимӣ барои мутахассисон оид ба идоракунии устувори зироатҳо, хок, об ва ҳашароти зараррасон, аз ҷумла зироаткории сарфаҷӯй, ҳифзи интегратсионии растаниҳо, зироаткории органикӣ ва принсипҳои низом ва хизматрасонӣ барои паҳни дониши кишоварзӣ мебошад

Мӯҳлат

Январи 20, 2019 – Декабри 31, 2019

Фарогирӣ

НТМ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд

Кӯмакгирандагон

Мутахассисони паҳни дониши кишоварзии муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, олимони муассисаҳои миллӣ ва донишгоҳҳо, ташкилотҳои деҳқонон ва деҳқонон

Шарикон

Фаъолиятҳои асосӣ | комёбиҳо

Дар доираи амаликунии лоиҳа натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд:

  • Маълумот дар бораи ҳадафҳо ва фаъолиятҳои лоиҳа дар байни гурӯҳи васеи ҷонибҳои манфиатдор дар Тоҷикистон паҳн карда шуд

  • Меъёрҳо барои интихоби иштирокчиёни барномаи таълимӣ аз тарафи тими лоиҳа таҳия ва аз тарафи ФАО тасдиқ карда шудаанд

  • 106 дархост, аз ҷумла аз 29 нафар занон барои иштирок дар барномаи таълимӣ оид ба интенсификацияи устувори растанипарварӣ қабул карда шуд

  • 61 нафар иштирокчиёни барномаи таълимӣ, аз ҷумла 17 нафар занон (25 нафар мутахассиси калон, аз ҷумла 9 нафар занон ва 36 нафар мутахассисони хурд, аз ҷумла 8 нафар занон) интихоб карда шуданд. Иштирокчиёни интихобшуда муассисаҳои давлатӣ (39%), ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ (31%) ва ширкатҳои хусусиро (30%) намояндагӣ мекунанд. Рӯйхати иштирокчиён бо Вазорати кишоварзӣ мувофиқа карда шуд ва пас аз омӯзиши якум нав карда шуд, зеро ба ҷои иштирокчиёни иштироки ғайрифаъол ва таваҷҷӯҳи кам нишондода дигар мутахассисони ҳавасманд ҷалб карда шуданд
  • 12 қитъаи намоишӣ оид ба принсипҳои асосии интенсификацияи устувори истеҳсоли зироатҳо, аз ҷумла истеҳсоли тухмӣ, зироаткории органикӣ, зироаткории сарфаҷӯй ва ҳифзи интегратсионии растаниҳо дар ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа таъсис дода шуданд

  • Дар қитъаҳои намоишӣ оид ба принсипҳои асосии интенсификацияи устувори истеҳсоли зироатҳо, аз ҷумла истеҳсоли тухмӣ, зироаткории органикӣ, зироаткории сарфаҷӯй ва ҳифзи интегратсионии растаниҳо бо иштироки 138 иштирокчиён (34% занон) чор Рӯзҳои саҳроӣ ташкил карда шуданд. Иштирокчиёни Рӯзҳои саҳроӣ дар 852,79 га замин зироатҳои кишоварзӣ парвариш менамоянд

  • 5 омӯзишҳо оид ба пешбурди тухмипарварӣ, зироаткории органикӣ, зироаткории сарфаҷӯй, ҳифзи интегратсионии растаниҳо ва истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо барои 61 мутахассисони интихобшуда оид ба паҳни дониши кишоварзӣ (25% занон) аз гурӯҳҳои мутахассиси калон ва хурд гузаронида шуданд

  • Натиҷаҳои санҷиш ба ҳисоби миёна 32% беҳтар шудани дониши иштирокчиёнро оид ба мавзӯъҳои интихобшуда нишон доданд

  • Инчунин, иштирокчиён ба сатҳи ташкили таълим 4,7 хол аз 5 холи ҳадди аксар баҳо доданд

  • Барои мутахассисони паҳнкунандаи дониши кишоварзӣ ҳамагӣ 40 омӯзишҳо дар ҷои кор ташкил карда шуданд. Дар ҳар як чунин омӯзиши истеҳсолӣ ба ҳисоби миёна 10-12 нафар аз гурӯҳҳои мутахассисони калон ва хурд, аз ҷумла якчанд деҳқонони пешқадам иштирок карданд

  • Маводҳои омӯзишӣ оид ба (1) Зироаткории сарфаҷӯй, (2) Зироаткории органикӣ, (3) Истеҳсоли тухмӣ, (4) Ҳифзи интегратсионии растаниҳо ва (5) Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо аз тарафи Мушовирони байналмилалии ФАО омода шуда, ба забони русӣ тарҷума ва дар флеш-хотираҳо нусхабардорӣ кардашуда, дар байни мутахассисони дар омӯзишҳо иштироккарда тақсим карда шуданд

  • Дар асоси маводҳои омӯзишии мушовирони байналмилалии ФАО маводҳои омӯзишӣ ба забони тоҷикӣ барои Рӯзҳои саҳроӣ ва омӯзишҳо дар ҷои кор омода карда шуда, дар байни мутахассисон тақсим карда шуданд