Лоиҳаҳои хурди грантии мактабҳо 10 намуди фаъолият (гармхона, боғдорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, бедонапарварӣ, харгӯшпарварӣ, дӯзандагӣ, моҳипарварӣ, консервабарорӣ ва занбӯри асалпарварӣ), 40 мактабҳои деҳот (баъзе мактабҳо 2-3 лоиҳа доранд) ва 9 ноҳияҳои вилояти Суғдро дар бар мегиранд. Ҷойгиршавии лоиҳаҳои мактабӣ ва аксҳои онҳо дар Онлайн харитаи Барномаи ғизои мактабӣ дастрасанд. Иншоотҳои сохташуда имкон медиҳанд, ки дар мактабҳои мақсаднок сармояи гардишкунанда барои ба даст овардани даромад таъсис дода шавад. Ҳамин тариқ, мактабҳо ғизои хонандагони синфҳои ибтидоиро тавассути таъмин намудани ҷузъҳои гуногуни ғизо аз ин иншоотҳои сохташуда, аз қабили сабзавот ва меваҳои тару тоза ва коркардшуда, шир ва ғайра беҳтар мекунанд.
Доираи истифодабарӣ |
Кишоварзии устувор |
Маблағгузорӣ |
БОҶ |
Мақсаду самтҳо |
Ҳадафи лоиҳа саҳмгузорӣ дар беҳбудии вазъи умумии амнияти озуқаворӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои грантӣ бо мақсади таҳкими иқтидори мактабҳо оид ба беҳбудии ғизо ва худсаҳми устувори онҳо барои татбиқи минбаъдаи лоиҳа дар ноҳияҳо |
Мӯҳлат |
Декабри 1, 2020 – Ноябри 30, 2021 |
Фарогирӣ |
Нӯҳ ноҳияҳои вилояти Суғд: Ашт, Деваштич, Истаравшан, Исфара, Ҷ. Расулов, Айнӣ, Б. Ғафуров, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ |
Кӯмакгирандагон |
Шумораи умумии бевоситаи кӯмакгирандагон 13608 нафар хонандагони синфҳои ибтидоии 40 мактабҳоимақсаднок, аз ҷумла 7636 нафар духтарон (44%) мебошанд |
Шарикон |
Маъмурияти мактабҳо, Ассотсиатсияҳои Волидайну Омӯзгорон, Шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои мақсаднок |
Фаъолиятҳои асосӣ | комёбиҳо |
Ба маблағи 2 513 565 сомони маҳсулоти ғайрихӯрока барои 47 лоиҳаҳо харидорӣ гардида, ба намояндагон/роҳбарияти мактабҳо супурда шуд. Ба мактабҳо барои сохтани иншоотҳо/ташкили намудани фаъолияти лоиҳаҳо ёрии техникй расонида шуд. |
(1) |
Гармхона — 28 лоиҳаҳои мактабӣ | (6) | Сехи консерва — 2 лоиҳаҳои мактабӣ |
(2) |
Боғдорӣ — 3 лоиҳаҳои мактабӣ (кофтани чоҳ, низоми обёрӣ ва техникаи хурди кишоварзӣ) | (7) | Харгӯшпарварӣ — 1 лоиҳаҳои мактабӣ |
(3) |
Чорводорӣ — 4 лоиҳаҳои мактаб | (8) | Моҳипарварӣ — 1 лоиҳаҳои мактабӣ |
(4) |
Паррандапарварй — 3 лоиҳаҳои мактабӣ | (9) | Бедонапарварӣ — 1 лоиҳаҳои мактабӣ |
(5) |
Занбӯрпарварӣ — 2 лоиҳаҳои мактабӣ | (10) | Сехи дӯзандагй — 2 лоиҳаҳои мактабӣ |