Натиҷаҳои лоиҳаҳои микрогрантӣ дар доираи Барномаи ғизои мактабии БОҶ

Дар соли 2021 Нексигол Мушовир 47 лоиҳаҳои микрогрантии наздимактабӣ барои таҳкими иқтидори мактабҳо дар доираи Барномаи ғизои мактабии БОҶ амалӣ намуд. Лоиҳаҳои микрогрантии мактабҳо 10 намуди фаъолият (гармхона, боғдорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ,, харгӯшпарварӣ, консервабарорӣ ва ғ.), 40 мактабҳои деҳот (баъзе мактабҳо 2-3 лоиҳа доранд) ва 9 ноҳияҳои вилояти Суғдро дар бар мегиранд. Иншоотҳои сохташуда имкон медиҳанд, ки дар мактабҳои мақсаднок сармояи гардишкунанда барои ба даст овардани даромад таъсис дода шавад. Ҳамин тариқ, мактабҳо аз ин иншоотҳои сохташуда ғизои хонандагони синфҳои ибтидоиро тавассути таъмин намудани ҷузъҳои гуногуни ғизо, аз қабили сабзавот ва меваҳои тару тоза ва коркардшуда, шир ва ғайра беҳтар мекунанд.

28 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе намояндагии БОҶ дар Тоҷикистон семинари валидатсиониро баргузор намуд, ки дар он натиҷаҳои бадастомадаи ин фаъолият, мушкилоти дар ҷараёни амалисозӣ бамиёномада ва сабақҳои омӯхташуда, инчунин тавсияҳо оид ба кори минбаъда баррасӣ шуданд. Фаъолиятҳои амалишудаи лоиҳаҳои микрогрантӣ дар доираи санҷиши аз ҷониби ширкати EvalGroup гузаронида шуда ҳамчун саривақтӣ, самаранок ва устувор арзёбӣ ёфтанд.

Маълумоти бештарро дар бораи лоиҳаҳои микрогрантии наздимактабӣ дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.