Истифодаи технологияҳои рақамӣ барои беҳтаршавии робитаҳои тиҷоратӣ ва рушди иқтисодиёти кишоварзӣ

Низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо, eAgriTrade — платформаи савдои маҳсулоти кишоварзӣ, eAgriMap — харитаи электронии кишоварзӣ, замимаи мобилӣ оиди ҳифзи растанӣ, замимаҳои мобилӣ барои чорводорон, ғаллакорон ва ғ. аз ҷониби Нексигол бо дастгирии техникии БРСММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо» амалӣ карда шуда, пас аз анҷоми лоиҳа пурра аз ҷониби Нексигол нигоҳдорӣ ва идора карда мешавад.

Доираи истифодабарӣ

Дастрасӣ ба бозор | Паҳни дониши кишоварзӣ | Кишоварзии устувор

Маблағгузорӣ

БРСММ

Мақсаду самтҳо

То соли 2017 низоми кишоварзии маркетингӣ-иттилоотии аз ҷиҳати молиявӣ худтаъминкунанда, ки ба иштирокчиёни занҷираҳои арзишии кишоварзӣ иттилооти фаврӣ ва таҳлилиро барои қабули қарорҳои тиҷоратӣ таъмин менамояд, дар тамоми Тоҷикистон васеъ карда мешавад

Мӯҳлат

Июли 1, 2014 – Июни 30, 2016

Фарогирӣ

Тоҷикистон

Кӯмакгирандагон

Деҳқонон ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои дастгирии агробизнес, муассисаҳои давлатии дахлдор ва дигар иштирокчиёни занҷираи арзиши иловагии кишоварзӣ

Шарикон

Фаъолиятҳои асосӣ | комёбиҳо

  • Фарогирии ҳадди ақал 2 вилоят/минтақаи иловагӣ

  • Бакорандозии ҳадди ақал 5 хизматрасонии рақамии нав

  • Мизоҷони умумимиллии низом, ки на камтар аз 30% занон мебошанд, на камтар аз 100% зиёд шуданд

  • Ҳадди ақал 55% фарогирии Харитаи электронии кишоварзӣ ва Платформаи савдои маҳсулот кишоварзӣ зиёд шуданд

  • Барпои робитаҳои ҳамкорӣ бо ҳадди ақал 3 низоми иттилоотии маркетингии кишварҳои Осиёи Марказӣ

  • Ҳадди ақал 11 корхонаҳои коркарди кишоварзӣ ба платформаҳои савдои минтақавӣ ва байналмилалӣ пайваста шуданд