Такмили иқтидори деҳқонзанон дар идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ

  • Беҳтар шудани сифат ва ҳосили маҳсулоти кишоварзии ҳамаи 50 Гурӯҳҳои Истеҳсолии Занон (ГИЗ), инчунин афзоиши арзиши иловашудаи маҳсулоташон, ба монанди истеҳсоли меваҳои хушк ва консерваҳои сабзавот, ба ГИЗ имкон дод, то ки маҳсулоти худро бо нархи беҳтар фурӯшанд ва иштирокчиёни тавонои бозор шаванд. Ҳосилнокии маҳсулот барои баъзе зироатҳо 70% ва барои баъзе зироатҳо 127% баланд шуд. Ин натиҷаҳои афзоиши маҳсулот ба баҳодиҳии расмӣ, ки тавассути усули санҷиши ҳосил дар давраи ҳосили соли 2017 гузаронида шудаанд, асос меёбад

  • Барои тавонмандсозии занон дар гурӯҳҳои истеҳсолӣ ҳама нақшҳо аз ҷониби занҳо иҷро карда мешаванд. Қобилияти роҳбарони ГИЗ барои қабули қарорҳои оқилонаи идоракунии тиҷорат мустаҳкам карда шуд, ки боиси афзоиши даромад гардид. Роҳбарони ГИЗ инчунин ба гуфтушунид бо таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолӣ, харидорон ва дигар иштирокчиёни бозор тайёр шуданд. Аз як тараф, ин ба аъзоёни ГИЗ барои ба роҳ мондани ҳамкории дарозмуддат бо таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолӣ ва имзои созишномаҳо оид ба хариди якҷояи тухмӣ ва инчунин фурӯши якҷояи маҳсулот кӯмак расонд. Тибқи далелҳои миқдорӣ, ки тавассути пурсишҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ГИЗ тавонистаанд дар якҷоягӣ ба маблағи 1 234 955 сомони қариб 490,7 тонна маҳсулот ба фурӯш гузоранд. Ғайр аз ин, ГИЗ дар бозорҳои маҳаллӣ 3 нуқтаи савдо кушоданд. Аз тарафи дигар, ширкатҳои хусусӣ ба барпои муомилоти тиҷоратӣ бо ГИЗ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. Масалан, 37 созишномаи дарозмуддати байни ГИЗ ва ширкатҳои хусусӣ ба имзо расид

  • Инчунин, аз лоиҳа эффектҳои мултипликаторӣ низ ба вуҷуд омадаанд. Тухмиҳои баландсифати сабзавот ва технологияҳои нави хушккунии мева, ки дар доираи лоиҳа намоиш дода шуда, аз ҷониби аъзоёни ГИЗ бомуваффақият татбиқ карда шудаанд, имрӯз дар минтақаи лоиҳа маъмул шуданд ва аз ҷониби дигар деҳқонон дар ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа истифода мешаванд.

  • Пурсиш дар байни деҳқонон, ки як сол пас аз анҷоми лоиҳа гузаронида шуд, нишон дод, ки ҳамаи 50 Гурӯҳи Истеҳсолии Занон якҷоя кор мекунанд, технологияҳо ва усулҳоро оид ба идоракунии зироат ва усулҳои кишоварзии тобовар ба иқлим, инчунин маълумот барои дастрасӣ ба бозор ва иттилооти иқлимиро тавассути хизматрасониҳои рақамӣ истифода мебаранд

 

Доираи истифодабарӣ

Дастрасӣ ба бозор | Паҳни дониши кишоварзӣ | Кишоварзии устувор

Маблағгузорӣ

Оксфам БК

Мақсаду самтҳо

Даромади баландтари деҳқонони хурд ба аъзоёни хонаводаҳо тавассути афзоиши ваколати занон, устувории бештар ба иқлими шадид ва беҳтаршавии қудрат дар бозорҳо фоида меорад

Мӯҳлат

Майи 15, 2014 – Ноябри 30, 2017

Фарогирӣ

Панҷ ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон: Кӯлоб, Вахши Восеъ, Фархор ва Мӯъминобод

Кӯмакгирандагон

Деҳқонзанони хурд ва оилаҳои онҳо, Гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи занон (ГИЗ), корхонаҳои хурду миёна, соҳибкорони хусусӣ ва дигар истеҳсолкунандагони кишоварзӣ

Шарикон

Фаъолиятҳои асосӣ

  • Гузаронидани тадқиқоти бозор дар ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа

  • Таҳияибизнес-нақшаҳо барои Гурӯҳҳои Истеҳсолии Занон

  • Ташаккул ва баланд бардоштани иқтидори Гурӯҳҳои Истеҳсолии Занон (ГИЗ)

  • Ташкили Маркази омӯзишӣ-намоишӣ дар минтақаи vfwcflyjr

  • Намоиш ва паҳни технологияҳои нав ва устувор ба иқлим (обёрии қатравӣ, гармхонаҳои нақбӣ, кишти байниҳамдигарӣ, усулҳои хушккунии мева)

  • Мусоидат ва дастгирии ГИЗ барои дастрасӣ ба бозорҳои нав

  • Мусоидат ба фаъолияти муштараки ГИЗ (хариди муштараки воситаҳои истеҳсолӣ ва фурӯши маҳсулот)