Салом дӯстон! Ба Шумо аз сафари таълимии деҳқонон аз водии Рашт ба вилояти Суғд, ки дар доираи лоиҳаи БРСММ “Таҳкими иқтидори ҷомеаҳо дар Хатлон ва Рашт”,ки санаҳои 7 то 9 июли соли 2021 баргузор гардид, якчанд аксҳоро пешниҳод менамоем.
Сафари таълимӣ аз тарафи мутахассисони соҳавии Нексигол Мушовир ташкил шуд ва аз ташрифҳо ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, сабзавоткорӣ ва корхонаҳои коркарду машварати шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров иборат буд.
Дар ин чорабинии омӯзишӣ раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз Рашт, Тоҷикобод ва Лахш бо таҷрибаҳои пешқадами истеҳсолоти кишоварзӣ, дарёфти бозори фурӯш, барпои алоқаҳои тиҷоратӣ барои маҳсулоти истеҳсолшаванда, аз ҷумла себ, нок ва сабзавот, намоишдиҳии тарзи дурустӣ парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда дар ниҳолхонаҳо, истеҳсоли тухмӣ, гузаронидани таҳлили хок, тайёркунии замин барои кишт, тарзи муайянкунии зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ ва омодакунии меваю сабзавот барои фурӯш шинос шуданд.