Барои рушди устувори соҳаи зардолу дар Тоҷикистон саҳми хурд гузоред!

📢 Агар Шумо ба соҳаи зардолупарварӣ алоқамандӣ дошта бошед, Шуморо ба иштирок дар пурсишномаи арзёбии иқтидор ва муайян намудани эҳтиёҷоти омӯзишӣ даъват менамоем!

Дар доираи лоиҳаи ФАО «Як кишвар – Як маҳсулот» (OCOP), Нексигол Мушовир арзёбии сатҳи дониш, малака ва эҳтиёҷоти омӯзишии иштирокчиёни занҷири арзиши зардолуро мегузаронад.

🎯 Ҳадафи пурсиш – муайян намудани он аст, ки кадом дониш, технологияҳо ва таҷрибаҳои муосири кишоварзии ба тағйирёбии иқлим мутобиқшуда ва аз ҷиҳати экологӣ устувор барои мутахассисон, деҳқонон, машваратчиён, коркардкунандагон, содироткунандагон ва дигар иштирокчиёни занҷири арзиши зардолу бештар заруранд.

Чаро иштирок кардан муҳим аст?

✅ Андешаи Шумо барои таҳияи барномаи омӯзишҳои амалӣ ва воқеан зарурӣ асос мегузорад;

✅ Натиҷаҳои пурсиш барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди соҳа истифода мешаванд;

✅ Иштирокчиёне, ки пурсишномаро пур мекунанд, барои иштирок дар омӯзишҳо оид ба технологияҳои сабз, таҷрибаҳои устувор ва кишоварзии ба тағйирёбии иқлим мутобиқшуда даъват карда мешаванд.

🕒 Пур кардани пурсишнома ҳамагӣ 20–25 дақиқа вақт мегирад.

📋 Пурсишномаро тавассути пайванди зерин пур намоед:

📋 Пур кардани пурсишнома

🔗 https://forms.gle/iaPdsUrjYGKXBsLd8

Бо иштироки худ Шумо на танҳо барои такмили дониш ва малакаҳои шахсӣ имконият пайдо мекунед, балки дар рушди устувор, рақобатпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокии занҷири арзиши зардолу дар Тоҷикистон низ саҳми арзишманд мегузоред.

🤝 Пешакӣ барои вақт, ҳамкорӣ ва иштироки фаъоли Шумо изҳори сипос менамоем!

#OCOP #FAO #Нексигол #Зардолу #КишоварзииУстувор #ТехнологияҳоиСабз #ClimateSmartAgriculture #Agriculture #Tajikistan #Training #CapacityBuilding