Дӯстон!
Дар омӯзишҳои шарики мо — ташкилоти Барги сабз иштирок намуда, донишу малакаҳои замонавиро соҳиб шавед! Дар Тоҷикистон солҳои наздик ин малакаҳо бисёр қадрдонӣ мешаванд.
Оё шумо мехоҳед донишу малакаи технологияҳои ҳозиразамонро дошта бошед ва/ё онро рушд дода, омӯхта дар сафи мутахасисони беҳтарин бошед?
Пас ин омӯзиши ройгон барои шумост!
Ташкилоти Байналмиллалии Агроаксияи Олмон (WHH Germany) ва ТҶХ “Барги Сабз”, дар доираи лоиҳаи TJK 1163 “Таҳияи заминаҳо барои густариши васеи навовариҳои энергетикӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон”, ки аз ҷониби Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) маблағгузорӣ мешавад, ҳамаи мутахассисони хоҳишмандро (аз ҷумлаи насбкунандагони технологияҳои дар поён овардашуда, лоиҳакашҳо ва банақшагиронро аз тамоми қаламрави Тоҷикистон) барои иштирок дар омӯзиш дар мавзӯъҳои «Симтӯри офтобӣ, “Обёрии қатрагӣ, ва “Мевахушккунаки офтобӣ” даъват мекунад.
Барои шарҳи бештар ба эълонҳои дар зер омада назар кунед: Омӯзишҳои 1-3 ва Омӯзиши 2



