«Душанбе-Инвест 2023»: Баимзорасии созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои кишоварзии аз ҷиҳати муҳитзистӣ ҳушмандона
🌱🌍 Бо камоли хушнудӣ хабар медиҳем, ки гурӯҳи Нексигол бо лоиҳаи USAID Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ дар Тоҷикистон (MDRD), КВД “Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и (МТИКСК) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаҳои ҳамкории (СҲ) муҳим барои амалисозии лоиҳаҳои кишоварзии аз ҷиҳати муҳитзистӣ ҳушмандона дар Тоҷикистон ба имзо расонд. Ин шарикии инноватсионӣ роҳро барои усулҳои кишоварзии устувор ва инноватсионӣ дар кишвар мекушояд ва моро ба ояндаи сабзтар ва устувортар бармеангезад. 🌿💪
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023, мо ӯҳдадор шудем, ки бо лоиҳаи MDRD, МТИКСК ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон (ВК) даст ба ҳамдастӣ карда, ба ландшафти кишоварзии Тоҷикистон таъсир расонем ва дигаргун созем. Бо истифода аз имкониятҳои техннологияҳои аз ҷиҳати муҳитзистӣ ҳушмандона, мо кӯшем менамоем, ки маҳсулнокӣ, устуворӣ ба тағирёбии иқлим ва воситаҳои зиндагии деҳқононро дар саросари кишвар беҳтар созем. 🚜🌾
Ин СҲ-ҳо дидгоҳи муштараки рушди устувор ва ӯҳдадории қавӣ дар мубориза бо тағирёбии иқлимро инъикос мекунанд. Якҷоя, Нексигол, лоиҳаи MDRD, МТИКСК ва ВК барои ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафта, пешбурди таҷрибаҳои устувори кишоварзӣ ва дастгирии деҳқонони хурд дар қабули таҷрибаҳои ба тағирёбии иқлим устувор ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ҳадафи мо тавонмандсозии деҳқонон, ҳифзи муҳити зист ва таъмини ояндаи шукуфони наслҳои оянда тавассути амалисозии чунин лоиҳаҳо, аз қабили: 🌏🤝
- Ҷорӣ намудани технологияи истеҳсоли биогаз ва бионуриҳо аз пору
- Ҷорӣ намудани хизматрасонии иқлимӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ
- Ҷорӣ намудани кишоварзии амудӣ/гидропонӣ барои истеҳсоли хӯроки сабзи чорво ва микро-сабзаҳо
- Ҷорӣ намудани хизматрасонии коркарди заминҳои кишоварзӣ бо дронҳо
- Барномаҳои омӯзишӣ барои ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади баландбардории дониш ва малакаҳо оид ба устувории иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим
Мо ифтихори беандоза дорем, ки ҷузъи ин ҳамкорӣ ҳастем ва мехоҳем ба лоиҳаи MDRD, МТИКСК ва Вазорати кишоварзӣ барои боварӣ ва дастгирӣ изҳори сипос намоем. Якҷоя мо дар соҳаи кишоварзӣ тавассути мусоидат ба инноватсия, рушди устувор ва ҳифзи захираҳои табиии кишвар тағироти пойдор ба вуҷуд меорем. 💚✨
Моро пайгирӣ намоед, то аз навигариҳо огоҳ шавед, вақте ки мо ба як саёҳати тағирёбанда ба сӯи кишоварзии аз ҷиҳати иқлим оқилона ва устувор дар Тоҷикистон равон мешавем. Якҷоя мо метавонем ҷаҳонро тағир диҳем! 💪🌿🌱