Фаъолияти Нексигол ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ арзёбӣ шуд

Дӯстон, ба таваҷҷӯҳи Шумо мақола оиди саҳми гурӯҳи «Нексигол» дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ, ки дар яке аз қадимтарин рӯзномаҳои кишвар – «ҲАҚИҚАТИ СУҒД» охири моҳи январ нашр шудааст, пешкаш менамоем. Мақола дар асоси натиҷаҳои маҷлиси ҷамъбастии Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таҳия шудааст.

Нашр шуд: Сешанбе, 31 январи 2023, № 13 (18628)

Масири таъмини амнияти озуқаворӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр карданд: “Соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ буда, яке аз ҳадафҳои стратегии мо ‐ таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум аз дараҷаи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад”.

Дар маҷлиси ҷамъбастии Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми гурӯҳи «Нексигол»‐ро дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ хуб арзёбӣ намуд. Оид ба бурду бохти ин ҷамъият мо бо Маҳинахон Сулейманова, ‐ сарвари иҷроияи «Нексигол Мушовир» ҳамсӯҳбат шудем.

Номбурда зикр намуд, ки «Нексигол» гурӯҳест, ки аз се ширкат, Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нексигол», Ташкилоти Ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» ва Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Нексигол Навовар» иборат аст. Аввалин ширкат дар ин гурӯҳ ҶСК «Нексигол» буд, ки соли 2002 таъсис ёфтааст. Ширкати мазкур ба воридот ва фурӯши тухмиҳо ва воситаҳои ҳифзи растаниҳои сертификатсияшуда тавассути шабакаи мағозаҳои кишоварзии «МЕЪРОҶ» машғул аст. Нексигол Мушовир ‐ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, аз соли 2009 инҷониб хизматрасонии машваратӣ, омӯзишӣ ва илмӣ‐тадқиқотиро дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод менамояд. Нексигол Навовар ‐ ширкати AgTech буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва бо таҳияи хизматрасониҳои рақамӣ барои беҳтар кардани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ машғул аст.

Ҳамасола «Нексигол» ба даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, ки ба агробизнес машғуланд ва ҳазорон деҳқонон дар баланд бардоштани фоида аз истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар кардани сифати маҳсулот ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар истеҳсолот, коркард ва маркетинги маҳсулот ёрӣ мерасонад.

Маҳинахон Сулейманова мегӯяд, ки ҳадафи мо ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки агробизнесро даромаднок, самаранок ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар менамояд. Мо дар кору фаъолиятамон навоварӣ, шаффофият, эътимоднокӣ, ғамхорӣ, сифат ва шарикиро қадр мекунем.

Хизматрасониҳои «Нексигол» барои ҳамаи иштирокчиёни занҷири арзиши кишоварзӣ, аз таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолӣ, деҳқонон ва корхонаҳои коркарди маҳсулот то мақомоти дахлдори давлатӣ пешбинӣ шудааст, ‐ иброз дошт мавсуф.

Ҳайати «Нексигол» аз 24 нафар корманди асосӣ дар саридора, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, зеридораҳо дар минтақаҳо ва зиёда аз 100 нафар корманди саҳроӣ иборат аст. Мушовирони Нексигол мутахассисон дар соҳаи агрономӣ, ҳифзи растаниҳо аз зараррасонҳо, чорводорӣ, обёрӣ, тиҷорат, таҳлил ва муҳандис‐барномасозон мебошанд. Кормандони саҳроӣ — агрономҳои саҳроӣ, гидротехникҳо, хизматрасонҳои кишоварзӣ, интервюерҳо ва фурӯшандагони мағозаҳои кишоварзӣ мебошанд. Инчунин, «Нексигол» базаи мушовиронро дорад, ки онҳоро барои иҷроиши супоришҳои кӯтоҳмуддат ҷалб менамояд.

Нексигол Мушовир доираи васеи хизматрасониҳои машваратӣ, омӯзишӣ ва тадқиқотиро дар соҳаи кишоварзӣ пешкаш менамояд, ки аз таҳияи маводҳои таълимӣ, гузаронидани омӯзишҳо барои тренерон ва омӯзишҳо дар Мактабҳои Саҳроии Деҳқонон то ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаҷӯй ва технологияҳои рақамиро дар бар мегиранд.

Номбурда дар сӯҳбат зикр намуд, ки хизматрасониҳои ширкат истеҳсолот ва маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зироаткорӣ ва чорводориро дар бар мегиранд. Мо усулҳои кишоварзии сарфаҷӯй, кишоварзии органикӣ ва кишоварзии ба иқлим мутобиқро пешниҳод менамоем, гуфт вай.

Агар лоиҳаҳои «Нексигол Мушовир» ба санҷидан ва ба шароити маҳаллӣ мувофиқ кунонида технологияҳою усулҳои нав нигаронида шаванд, лоиҳаҳои «Нексигол Навовар» ба рақамикунонии хизматрасониҳои кишоварзӣ равона шудаанд.

Аз афзалияти рақобатпазирии ташкилот ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки дар «Нексигол» яке аз тимҳои беҳтарини мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаи машваратдиҳии кишоварзӣ ҷамъ омадаанд.

«Нексигол Мушовир» шабакаи васеи шариконро барпо намудааст, ки он сохторҳои давлатии дахлдор, ширкатҳои миллӣ ва хориҷӣ, донорҳо ва оҷонсиҳои рушдро дар бар мегирад.

АВВАЛИН ШИРКАТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Ҷоиз ба қайд аст, ки «Нексигол» аввалин ширкат дар Осиёи Марказӣ аст, ки технологияҳои рақамиро дар ҳалли масъалаҳои кишоварзӣ истифода бурдааст. Чӣ хеле, ки қайд карда шуд, то ба ҳол «Нексигол» хизматрасониҳои рақамие таҳия кардааст, ки дастрасӣ ба бозор, дастрасӣ ба дониши кишоварзӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои кишоварзиро беҳтар мекунанд ва ба деҳқонон барои паст кардани хатарҳои ба обу ҳаво ва тағйирёбии иқлим вобаста, иттилооти амалӣ пешкаш мекунанд.

Чунин хизматрасониҳои рақамӣ, аз қабили HOSIL.TJ ‐ онлайн хизматрасонӣ барои интиқоли маводи кишоварзӣ, низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо, e‐Agri‐Map ‐ харитаи электронии кишоварзӣ, e‐Agri‐Library ‐ китобхонаи электронии кишоварзӣ, агро‐калкуляторҳо,  SMS‐agroline ‐ СМС‐хизматрасонии паҳни дониш, AgroSpaceBot — ёрдамчии виртуалӣ барои агробизнес дар намуди чатбот, замимаҳои мобилӣ барои агробизнес ва ғайраҳо мебошад.

То имрӯз шумораи истифодабарандагони ин хизматрасониҳои рақамӣ беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошанд. Зеро аксари хизматрасонии рақамӣ на танҳо ба тоҷикӣ, балки бо забонҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ, русӣ ва англисӣ низ дастрасанд. Ин хизматрасониҳои рақамӣ ба истифодабарандагон кӯмак мекунанд, ки қарорҳоро дар асоси иттилооти муосир қабул кунанд, то истеҳсолот ва тиҷорати кишоварзии онҳо самараноку бехатар шавад ва камтар меҳнат талаб намояд.

Масалан, HOSIL.TJ ин онлайн‐хизматрасонӣ барои интиқоли маводи кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад. Айни ҳол дар формати MVP (Minimum Viable Product) амал мекунад, ки версияи аввалини хизматрасонӣ аст ва маҷмӯи ҳадди ақали функсияҳои кофӣ барои пешниҳод ба омма ва озмоиш бо истифодабарандагони аввалинро дорад.

Деҳқонон метавонанд ба Маркази тамос занг зананд ё дар вебсайт тухмӣ, нуриҳо, воситаҳои муҳофизати растанӣ ва ғайраҳоро фармоиш диҳанд. HOSIL.TJ маводи кишоварзиро бо нархҳои дастрас пешкаш мекунад, сифати молро кафолат медиҳад ва беҳтарин хизматрасонии пас аз фурӯшро пешкаш мекунад.

Сифати кафолатнок маънои онро дорад, ки воситаҳои истеҳсолии маҳсулоти кишоварзӣ дорои сертификат буда, қалбакӣ нестанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини маводи кишоварзии муосири баландсифат ва аз ҷиҳати экологӣ безарар дода мешавад. Беҳтарин хизматрасонии баъди фурӯш чунин маъно дорад, ки молҳои фармоишшуда то макони фармоишгарон ба таври ройгон расонида шуда, машваратчиён ё агрономҳо оид ба истифодаи онҳо тавсияҳо медиҳанд.

НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА ТАҲЛИЛИ НАРХҲО

Базаи нархҳо зиёда аз 100 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти кишоварзӣ, воситаҳои истеҳсолӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ, аз қабили сӯзишворӣ, меъёрҳои музди меҳнати мардикорон ва ғайраро дар 15 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон пешкаш менамояд. Дар соли 2015 дар доираи шарикии «Нексигол» ва АгроИнформАзия фарогирӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон васеъ карда шуд ва маълумот оид ба нархҳои 60 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ шаҳри Қирғизистон дастрас гардид.

Дар Тоҷикистон маълумот оид ба нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ ҳар ҳафта дар бозорҳои чакана тавассути шабакаи интервюерони саҳроӣ ва барои воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ ҳар моҳ аз мағозаҳои кишоварзӣ ҷамъоварӣ мешавад.

Низоми мазкур функсияҳои таҳлил ва ҳисоботдиҳиро пешкаш мекунад, ки ба истифодабарандагон имкон медиҳад, нархҳои зарурро зуд аз назар гузаронанд, байни маҳсулот, бозорҳо, давраҳои вақт муқоисаҳо намоянд, диаграммаҳо, маълумот ва омори асосӣ ба монанди нархҳои миёна, тағирёбии фоиз ва ғайраро сабт кунанд.

Барои таҳлил ва паҳни маълумоти нархҳо, технологияҳои пешрафта истифода мешаванд. Маълумот тавассути веб‐платформа, замимаи мобилӣ барои смартфонҳои Android, СМС‐паёмҳо, мессенҷерҳо ва API‐пайвастҳо дастрас аст. Низом метавонад ҳисоботҳои ҳафтаина, моҳона ва семоҳаи бозорро ба таври нимавтоматӣ таҳия намояд. Маълумотҳо ба забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мебошад.

Низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо соли 2010 аз ҷониби Нексигол бо дастгирии техникии БРСММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо» ва ҲЕЛВЕТАС дар доираи лоиҳаи «Рушди бозори маҳаллӣ» амалӣ карда шуда, аз соли 2016 пурра аз ҷониби Нексигол нигоҳдорӣ ва идора карда мешавад.

ХОҶАГИҲОЕ, КИ АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ «НЕКСИГОЛ» ИСТИФОДА БУРДААНД

Асатулло Ҳабибуллоев, деҳқон, агроном‐мушовири саҳроӣ, раиси Хоҷагии деҳқонии “Баҳром”‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат гуфт, аз Нексигол на танҳо барои пешравии кор ва ободии оилааш, балки барои баландшавии мақомаш дар деҳот миннатдор аст. Маро хурду калон, ҳурмат мекунанд, ҳатто беҳтарин агрономҳо, баъзан барои маслиҳат ба ман муроҷиат менамоянд. Ҳамаи ин натиҷаи он аст, ки банда ҳамеша донишҳои нав меомӯзам. Инчунин, аввалин шуда, ба ин ташкилот муроҷиат мекунам, зеро дар онҳо на танҳо эътимоду дастгирӣ, балки садоқати воқеиро ба рисолаташон эҳсос кардам.

Абдусамад Абдувоҳидов, раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Боғпарвар»‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

Вақте, ки ба наздам мутахассисони Нексигол омаданд ва аз лоиҳаи наву ворид кардани низоми нави обёрӣ ҳарф заданд, дар дилам нисбат ба онҳо шубҳаҳои гуногуне пайдо шуд. Агар имрӯз фикрҳои нисбати онҳо ҳамон вақт кардаамро ба ёд оварам, ҳам хандаам меояду ҳам шармам. Дар асл бошад, Нексигол моро аз хоби гарон бедор кард!

Соҷидамо Асоева, раиси Хоҷагии деҳқонии “Соҷидамо”‐и ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон:

Роҳнамо ва самараи корҳои хуби деҳқонии мо занони деҳот низ аз дастгириҳои бевоситаи мутахассисони Нексигол буданд, ки имрӯзҳо мо таҷриба, дониш ва усулҳои муосири кишти сабзавот ва зироатҳоро аз бар кардем ва таҷрибаҳои аз онҳо гирифташударо сармашқи кори худ ҳисобида, аз онҳо ҳамеша натиҷагирӣ намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштем.

Маъруф Нуруллоев, раиси Хоҷагии “Нурулло”‐и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон:

Баъд аз машварат бо агроном Мақсуд Отабеков ‐ агрономи Нексигол ман нуриҳои минералиро фармоиш додам. Онҳоро барои парвариши юнучқа, пахта ва гандум истифода бурдам. Ҳосили аз юнучқа ва пахта гирифтаам нисбат ба соли гузашта хело зиёд буд, вале ҳосили аз гандум гирифтаам чандон зиёд набуд. Фикр мекунам, ин натиҷаи шароити номусоиди обу ҳаво аст. Нархҳо дар HOSIL.TJ бо нархҳои мағозаҳои Қумсангир якхела буда, инчунин тиқоли ройгон ҳам дорад. Бартарии аз HOSIL.TJ харидорӣ намудан дар он аст, ки маҳсулоти дархостшуда ҳамеша босифат буда, кафолатнокии он пешбинӣ шудааст.

Шӯҳрат Холиқов, раиси Хоҷагии деҳқонии “Шӯҳрат”-и ноҳияи Ваҳдат:

Ман муддати тӯлонӣ ба кишоварзӣ машғулам. Дар тӯли таҷрибаи худ дар соҳаи кишоварзӣ, аксар вақт ҳангоми хариди ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо ва дигар ашёҳои кишоварзӣ аз бозорҳои маҳаллӣ ба натиҷаҳои манфӣ дучор мешудам. Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо платформаи HOSIL.TJ ошно шуда, барои гирифтани машварат бо онҳо тамос гирифтам. Бо Мақсуд‐ако, мутахассиси ботаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ маслиҳат карда, ба қарор омадам, ки маҳсулоти лозимаро аз ин ҷо дархост кунам. Ин дар муқоиса бо харид аз мағозаҳо осону арзон буда, интиқол ройгон аст. Ман дар хоҷагии худ ба ниҳолҳо доруҳои зидди ҳашароти зараррасонро пошида, ҳосили хуб ба даст овардам. Аз он вақт инҷониб маҳсулоти лозимаи кишоварзиро ҳамеша аз HOSIL.TJ дастрас менамоям.

Сатҳи хизматрасоние, ки Нексигол тӯли фаъолияташ ба мизоҷони худ мерасонад, танҳо ба хотири пешравии соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии деҳқонон мебошад, ‐ гуфт дар охир Маҳинахон Сулейманова.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»