HOSIL.TJ ҳамкориро бо истеҳсолкунандагони тухмӣ ва нуриҳо густариш медиҳад

Бозори воситаҳои истеҳсолии кишоварзии Тоҷикистон суст рушд кардааст, дар он нуриҳои пастсифат, воситаҳои ҳифзи растанӣ ва тухмиҳо бе сертификати сифат бештар ба назар мерасанд ва аксар вақт миқдори зиёди маҳсулоти қалбакии тамғаҳои маъруф вуҷуд доранд. Ин ба он оварда мерасонад, ки HOSIL.TJ на ҳама вақт иҷрои фармоишҳои гирифташуда иҷро карда тавонад, зеро дар дохили кишвар маводи кишоварзии босифат ва бо сертификатҳои дахлдорро аз таъминкунандагони маҳаллӣ пайдо кардан ғайриимкон аст.

Барои рафъи ин мушкилот тими HOSIL.TJ санаи 17 марти соли 2023 дар 18-ум Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии “AgroWorld Uzbekistan 2023” дар Тошканд ширкат варзид.

Дар намоишгоҳи AgroWorld Uzbekistan маҳсулоти ширкатҳое, ки ба истеҳсоли технологияҳои замонавӣ ва маводҳо барои растанипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, ветеринарӣ, коркард, интиқол ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос доранд, ба намоиш гузошта шуданд.

Ба тими HOSIL.TJ муяссар шуд, ки бо якчанд истеҳсолкунандагони тухмӣ, ниҳолҳо, нуриҳо, таҷҳизоти обёрии қатравӣ ва гармхонаҳо ҳамкориро ба роҳ монад. Ин воситаҳои истеҳсолӣ ба наздикӣ дар қитъаҳои намоишӣ дар манотиқи гуногуни кишвар санҷида мешаванд ва сипас дар HOSIL.TJ барои фармоиши истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Точикистон дастрас мешаванд.