Ифтихорномаи давлатӣ ба яке аз беҳтарин мушовирони Нексигол

Дӯстони гиромӣ!

Имрӯз аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо қарори Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба муносибати 30-солагии Истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мушовирони беҳтарини гурӯҳи Нексигол — Махсут Отабеков барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.