Ҷоринамоии механизми ТИК барои хизматрасонии агро-иқлимӣ дар Тоҷикистон

Фаъолият оид ба “Ҷорӣ карданӣ механизми Технологияҳои Иттилоотӣ Коммуникатсионӣ (ТИК) барои хизматрасонии агро-иқлимӣ дар Тоҷикистон”-ро дар доираи Лоиҳаи “Ба вуҷудоварии устувории ҷомеаҳои осебпазир ва аз нигоҳи озуқаворӣ ноамн ба пайомадҳои иқлимӣ ба тариқи тақвияти тавонмандӣ ва гуногунсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон” амалӣ мешавад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund) маблағгузорӣ ва аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва гурӯҳи ширкатҳои Нексигол иҷро карда мешавад.

Доираи истифодабарӣКишоварзии ҳушмандонаи муҳитзистӣ, Кишоварзии устувор, Низоми огоҳкунии барвақтӣ, Паҳни дониш ва хизматрасонии машваратӣ
МаблағгузорӣБарномаи озуқавории ҷаҳонӣ
МаблағгузорБОҶ
Мақсаду самтҳоМақсади асосии ин фаъолият баланд бардоштани устувории ҷомеаҳо тавассути беҳтар намудани дастрасии онҳо ба иттилоот оид ба иқлим, пешгӯии обу ҳавою огоҳкунии барвақтии кишоварзӣ ва таҳкими иқтидори онҳо дар қабули қарорҳои асоснок оид ба кишоварзӣ ва тағйирёбии иқлим мебошад.
ВазифаҳоБарои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, дар доираи фаъолияти мазкур чунин вазифаҳо иҷро карда мешаванд:
(1) Таъсиси механизми ТИК барои саривақт расонидани маълумот дар бораи иқлим ва машваратҳои кишоварзӣ
(2) Интиқоли маълумоти иқлимӣ ва машваратҳои кишоварзӣ ба деҳқонони мақсаднок
(3) Мусоидат ба ҳамоҳангсозӣ байни тарафҳои манфиатдор барои пешниҳоди маълумоти мувофиқ ба деҳқонон
Санаи саршавӣ20-12-2023
Санаи итмом20-02-2025
Мӯҳлат15 моҳ
Фарогирӣ4 ноҳияҳои ВМКБ — Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим
5 ноҳияҳои НТМ — Файзобод, Тоҷикобод, Нуробод, Рашт ва Лахш (Ҷиргатол) ва
2 ноҳияҳои вилояти Хатлон – Ховалинг ва Мӯъминобод
БаҳрабарандагонДеҳқонон
Миқдори баҳрабарандагонДар доира ин фаъолият дастрасии 25 000 деҳқонон ба иттилоот оид ба иқлим ва огоҳкунии барвақтии кишоварзӣ беҳтар карда шуд
ШариконВазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Фаъолиятҳои асосӣ— Таъсиси механизмҳои ба ТИК асосёфта барои расонидани саривақтии иттилоот дар бораи иқлим ва машваратҳои кишоварзӣ
— Расонидани иттилооти иқлимӣ ва агро-машварат ба деҳқонони мақсадноки лоиҳа
— Мусоидат намудан ба ҳамоҳангсозии байни таъминкунандагониҳои иттилоот оид ба истеҳсоли иттилооти дахлдор
— Таҳияи низоми огоҳкунии пешакии кишоварзӣ барои супоридани минбаъда ба КҲМ ва ВК
Натиҷаҳои чашмдошт— Ҳадди ақал 25 000 деҳқон маълумоти иқлимӣ гирифтанд
— Дар телевизионҳои миллӣ ҳадди ақал 4 барнома таҳия ва пахш шуд
-Дар радиоҳои миллӣ ҳадди ақал 8 барнома таҳия ва пахш шуд
— Низоми огоҳкунии барвақтии кишоварзӣ ба КҲМ ва Вк супорида шуд

Ҳамаи лоиҳаҳо