Занони фаъоли Исфара ба омӯзиши ройгони соҳибкорӣ даъват мешаванд

Мехоҳед кори даромаднок оғоз кунед ё фаъолияти ҳозираи худро беҳтар намоед? Аз яке аз се самти омӯзиши амалӣ интихоб кунед. Таҷрибаи пешакии соҳибкорӣ шарт нест.

Дар бораи барнома

Ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон занон, аз ҷумла ҷавонзанони ҷамоатҳои Лаккон, Ворух, Чоркӯҳ, Шӯроб, Навгилем ва Чилғазии Исфараро ба барномаи омӯзишӣ даъват мекунад. Барнома дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба некуаҳволии муштарак ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеаҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон» амалӣ мешавад.

Дар омӯзиш чӣ меомӯзед?

Омӯзиш чор рӯз давом мекунад: ду рӯз асосҳои соҳибкорӣ ва саводи молиявӣ, ду рӯз машғулиятҳои амалӣ аз рӯи самти интихобӣ. Шумо ғояи бизнес, муштарии эҳтимолӣ, хароҷот, нархгузорӣ ва роҳи фурӯшро баррасӣ мекунед. Дар ҳар самт 30 ҷой пешбинӣ шудааст.

Се самт барои интихоб

  1. Хушккунии мева бо неруи офтобӣ. Омодасозии мева, тозагӣ, хушккунӣ, бастабандӣ ва фурӯш.
  2. Парвариши хӯроки сабзи чорво. Кор бо низоми худкор дар рафҳои чандқабата, нигоҳдорӣ ва ҳисоби хароҷот.
  3. Хизматрасонии рақамӣ («Сафирони рақамӣ»). Муаррифии маҳсулот дар интернет, ёфтани харидор ва ҳамоҳангсозии фармоишҳо. Дар ин самт ба ҷавонзанон афзалият дода мешавад.

Хушккунии мева дар хушккунаки офтобӣ Табақи хӯроки сабзи чорво аз рафҳои чандқабата Аксбардории меваи хушк бо телефон барои фурӯш дар интернет

Кӣ метавонад дархост диҳад?

Занони хоҳишманди оғози соҳибкорӣ ва занони соҳибкори амалкунандаи ҷамоатҳои зикршуда. Барои омӯзиши чоррӯза, супоришҳои амалӣ ва ҳамкорӣ бо мушовир омода бошед. Таҷриба ё бизнеси ба қайд гирифташуда шарти ҳатмии оғози иштирок нест. Танҳо як самтро интихоб кунед. Муроҷиат ва иштирок ройгон аст.

Дастгирӣ баъд аз омӯзиш

Интихоб ду марҳила дорад. Аввал иштирокчиёни омӯзиш, баъд бизнесҳо барои дастгирӣ интихоб мешаванд. Пас аз омӯзиш дар ҳар самт панҷ бизнеси таҳти роҳбарии занон дар асоси меъёрҳо ва арзёбии шаффоф барои дастгирӣ бо таҷҳизоту мавод ва машварати инфиродӣ интихоб мешавад. Навъи дастгирӣ аз ниёзи бизнес ва мувофиқа бо БРСММ вобаста аст.

Чӣ тавр дархост диҳед?

Пайвандро кушоед, як самтро интихоб кунед ва ба саволҳо кӯтоҳу равшан ҷавоб диҳед. Дархостҳо аз рӯи шарту меъёрҳои интихоб баррасӣ мешаванд. Агар барои пур кардан кумак ё шакли коғазӣ лозим бошад, ба даста бо рақами +992 928 24 24 24 занг занед.

Дархости онлайнро пур кунед

Ҳамаи хабарҳо