Паҳнкунии иттилоот дар бораи раванди ислоҳоти замин ва ҳуқуқҳои заминистифодабарии деҳқонон

Нашри рӯзнома оид ба ислоҳоти замин яке аз фаъолиятҳои Лоиҳа оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» мебошад. Ҳадафи лоиҳа ин самаранок истифодабарии мавҷи навбатии ислоҳоти замин дар Тоҷикистон тавассути бартараф кардани камбудиҳо дар дониш ва монеаҳои техникӣ дар роҳи рушди бозори ҳуқуқи истифодаи замин мебошад. Мақсади нашри рӯзнома оид ба ислоҳоти замин — ин маълумотдиҳӣ ба аҳолии деҳот ва мақомоти давлатии маҳаллӣ дар бораи раванди ислоҳоти замин ва ҳуқуқҳои заминистифодабарии деҳқонон бо мақсади баланд бардоштани шаффофияти бештар дар идоракунии замин ва истифодаи самараноки замин мебошад, ки бояд ба афзоиши даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намуда, рушди иқтисодиро дар соҳаи кишоварзӣ пурзӯр намояд

Доираи истифодабарӣ

Паҳни дониши кишоварзӣ

Маблағгузорӣ

Кемоникс / USAID

Мақсаду самтҳо

Нашри рӯзнома оид ба ислоҳоти замин яке аз фаъолиятҳои Лоиҳа оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» мебошад. Ҳадафи лоиҳа ин самаранок истифодабарии мавҷи навбатии ислоҳоти замин дар Тоҷикистон тавассути бартараф кардани камбудиҳо дар дониш ва монеаҳои техникӣ дар роҳи рушди бозори ҳуқуқи истифодаи замин мебошад. Мақсади нашри рӯзнома оид ба ислоҳоти замин — ин маълумотдиҳӣ ба аҳолии деҳот ва мақомоти давлатии маҳаллӣ дар бораи раванди ислоҳоти замин ва ҳуқуқҳои заминистифодабарии деҳқонон бо мақсади баланд бардоштани шаффофияти бештар дар идоракунии замин ва истифодаи самараноки замин мебошад, ки бояд ба афзоиши даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намуда, рушди иқтисодиро дар соҳаи кишоварзӣ пурзӯр намояд.

Мӯҳлат

Апрели 1, 2014 – Марти 31, 2020

Фарогирӣ

Дувоздаҳ ноҳияи вилояти Хатлон: А.Ҷомӣ, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Ҷ. Балҳӣ, Қубодиён, Левакант, Ёвон, Хуросон, Ҷайҳун, Кушониён, Вахш, Н. Хусрав

Кӯмакгирандагон

Деҳқонон, аҳолии деҳот, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, занону ҷавонон

Шарикон

Фаъолиятҳои асосӣ | комёбиҳо

  • 72 шумораи рӯзмонаи моҳона (4 саҳифаи дутарафаи андозаи А3 ба забони тоҷикӣ бо тиражи 5000 нусха) оид ба ислоҳоти замин таҳияю нашр ва дар байни шахсони манфиатдор паҳн карда шуд.

  • Барои баланд бардоштани огаҳии аҳолии мақсаднок рӯзнома ба масъалаҳои пешбурди принсипҳои бозори замин ва ташкили бозори фаъоли замини кишоварзӣ диққати махсус додааст

  • Барои таҳлили таъсири рӯзнома дар байни хонандагон пурсиш гузаронида шуд. Ҳамаи пурсидашудагон ба таъсири рӯзнома баҳои мусбат дода, қайд карданд, ки одамон дар бораи рӯзнома дар ноҳияҳои онҳо хеле хуб сухан меронанд. Аксарияти онҳо кайд карданд, ки маълумоте, ки дар рӯзнома нашр мешавад, барои онҳо муфид ва осонфаҳм аст. Пурсиш даҳҳо қиссаҳои муваффақиятро ошкор намуд, ки рӯзнома ба деҳқонон дар ҳалли мушкилоти замин чӣ тавр ёрӣ расонидааст