Мустаҳкамкунии робитаҳои шаҳру деҳот барои таъмини озуқаворӣ

Дастурамали «Идоракунии агробизнес ва асосҳои бехатарии маҳсулоти хӯрока — барои деҳқонони хурду миёна» дар натиҷаи саъю кӯшиши муштараки мутахассисони ТҶ «Нексигол Мушовир» ва ТҶ «МИС» бо дастгирии мушовирони ФАО таҳия карда шуд. Он ба маводҳои ФАО, ки ба усулҳои самараноки идоракунӣ барои таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрока ва идоракунии агробизнес барои ассотсиатсияҳои истеҳсолкунандагон бахшида шудааст, такя мекунад. Инчунин, мазмуни маводҳо бо истифода аз мисолҳо ва машқҳо, ки ба заминаи маҳаллӣ асос меёбанд, мутобиқ карда шудаанд.

Дастур аз чор модул барои чор рӯзи омӯзиш иборат аст, ки ҳар яке ба мавзӯъҳо тақсим карда шудаанд. Модули 1 муносибати байни корхона ва бозор, хусусиятҳои занҷирҳои арзишии дароз ва кӯтоҳ ва воситаҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти бозорро барои қабули қарорҳои тиҷоратӣ баррасӣ мекунад. Модули 2 низомҳо ва воситаҳои беҳтар намудани идоракунии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрока дар истеҳсолоти кишоварзиро фаро мегирад. Модули 3 ба имкониятҳои ба шаклҳои гуногуни ассотсиатсияҳои истеҳсолкунандагон муттаҳид шудани истеҳсолкунандагони хурд равона шудааст. Модули 4 банақшагириро ҳамчун воситаи идоракунии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрока дар корхонаҳои хурду миёнаи кишоварзӣ баррасӣ мекунад.

Дар омӯзиш ҳамагӣ 160 нафар деҳқонон, аз ҷумла 71 нафар занон (44%) ва 43 нафар деҳқонони ҷавон (27%), ки синну соли миёнаашон 47 сола буда, дар майдони 657,83 га маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд, иштирок намуданд.

 

Доираи истифодабарӣ

Идораи занҷири таъминот

Маблағгузорӣ

ФАО

Мақсаду самтҳо

Мақсади зерлоиҳаҳо саҳм гузоштан ба Ҳадафи ФАО «Фаъол намудани низомҳои фарогир ва самараноки кишоварзӣ ва озуқаворӣ» ва лоиҳаи «Мустаҳкамкунии робитаҳои шаҳру деҳот барои рушди низомҳои самараноки озуқаворӣ дар шаҳрҳои хурду миёна ва гирду атрофи онҳо дар Тоҷикистон» мебошад

Мӯҳлат

Декабри 1, 2019 – Декабри 25, 2020

Фарогирӣ

Чор ноҳияҳои Суғд, Хатлон ва НТМ: Шаҳристон, Данғара, Ҳисор ва Нуробод

Кӯмакгирандагон

Деҳқонони хурд, аз ҷумла ҷавондухтарону ҷавонписарон

Шарикон

Ташкилоти Ҷамъиятии «Маркази Идоракунии Сифат» (МИС)

Фаъолиятҳои асосӣ

1) Таҳияи маводи таълимӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори деҳқонон дар соҳаи идоракунии агробизнес ва асосҳои бехатарии озуқаворӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ; (2) Гузаронидани ҳашт омӯзишҳои чоррӯза барои деҳқонон дар ин мавзӯъҳо