Меваҳои хушки истеҳсоли Тоҷикистон дар Аврупо

Моҳи майи соли 2019 зардолуи хушк бо тамғаи «Made in Tajikistan» дар рафҳои мағозаҳои махсуси Савдои Одилонаи Олмон ва Итолиё дар фурӯш дастрас шуд. Бо дастгирии машваратии ташкилоти «Нексигол Мушовир» деҳқонони кооперативи «Меваҳои Фирдавс»-и ноҳияи Ашт тавонистанд бо нархи 50% бештар аз арзиши бозори дохилӣ зардолуи навъи Extra-ро содирот кунанд.

Ширкати коркарди меваи хушки ҶДММ «Исфара Фуд» ба деҳқонон дар омода кардани маҳсулот барои содирот ба кишварҳои Аврупо, аз ҷумла ба навъҳо ҷудокунӣ, тозакунӣ, кабилркунӣ ва банду баст мувофиқи талаботи харидори аврупоӣ кӯмак расонд.

Ин муваффақият бо дастгирии лоиҳаи Ҳилфсверк Интернейшнл “CANDY IV-Хизматрасониҳо барои КХМ-и ба содирот нигаронидашуда” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи “Осиёи Марказӣ – Инвест IV” имконпазир гардид.

Дар доираи лоиҳа Нексигол Мушовир ба кооперативи кишоварзии «Меваҳои Фирдавс» ва корхонаи коркарди «Исфара Фуд» дар ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии истеҳсолоти органикӣ ва принсипҳои Савдои Одилона (Fairtrade, organic production)кӯмак мерасонад.

 

Акмал Насруллоев