Дарҳои кушод барои табодули таҷриба — гарави рушди соҳа ва муносибатҳост

Баҳори соли ҷори кооперативи «Мевахои Фирдавс» дар шимоли Тоҷикистон дарҳои худро барои сафари мубодила ба шарикони худ аз Қирғизистон боз кард. Деҳқонони фаъол ва аъзоёни кооперативи «Ак-Добо», намояндагони ташкилотҳои шарикӣ — АгроЛид, ТES Cente, корхонаи коркарди «Сан Планет Органик», коркардкунандагони хусусии ноҳияи Алабукин ва шаҳри Қаракӯл бо усулхои ҷамъоварй, хушконидан ва коркарди зардолу дар ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт шинос шуданд.

 

Ин чорабинӣ ба шарофати лоиҳаи «CANDY IV — Хизматрасониҳо барои КХМ-и ба содирот нигаронидашуда» дар чаҳорчӯбаи барномаи ИА » Осиёи Марказӣ – Инвест IV «, ки қаблан ба таъсиси кооперативҳои кишоварзии Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидат мекард, имконпазир гардид.

Яке аз қисматҳои муҳими боздиди табодулӣ боздид аз дафтари ташкилоти машваратии Нексигол Мушовир буд, ки дар он ба иштирокчиён корҳои анҷомдодашуда дар доираи лоиҳа ва ҷорӣ намудани стандартҳои органикӣ, Fairtraide ва Global GAP муаррифӣ карда шуданд.

     

Акмал Насруллоев