Дарсҳои маҳорат барои агро-гурӯҳҳои сайёри ҷавонон

Дар доираи лоиҳаи БРСММ «Таҳкими иқтидори ҷомеаҳо дар вилояти Хатлон ва водии Раштт» агро-гурӯҳҳои сайёри ҷавонон барои расонидани хизматрасонии кишоварзӣ дар минтақа таъсис дода шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори агро-гурӯҳҳои ҷавонон ба вилояти Суғд сафари омӯзишӣ ташкил карда шуд, ки дар он деҳқонони кооперативи «Меваҳои Фирдавс» оид ба буридани дарахтон ва коркарди зироатҳо ҷиҳати муҳофизат аз ҳашароти зараррасон дарсҳои маҳорат гузаронида, дар идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бо соҳибкорони ҷавон аз Рашт, Лахш ва Тоҷикобод таҷрибаи худро мубодила намуданд. Инчунин, мутахассисони Нексигол ба меҳмонон нақл карданд, ки чӣ гуна хизматрасониҳои рақамии кишоварзӣ метавонад ба онҳо дар хизматрасонӣ ба деҳқонон кӯмак расонанд, то истеҳсолот ва тиҷорати кишоварзии онҳо самараноктар ва бехатар шаваду камтар меҳнат талаб намояд. Ғайр аз ин, гро-гурӯҳҳои ҷавонон ба мағозаи кишоварзии «Меъроҷ» ташриф оварда, барои ҳамкорӣ робитаҳои тиҷоратӣ барпо намуданд.