Қабули донишҷӯён ба барномаи «Сафирони рақамӣ»
Нексигол Мушовир дар доираи ташаббуси ФАО «Як кишвар — як маҳсулоти афзалиятнок» (OCOP), бо ҳамкории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияи кишоварзӣ, 30 донишҷӯро барои кӯмак ба деҳқонон дар истифодаи «Чатбот барои кишоварзон» ҷалб менамояд.
Сафирони рақамӣ ба деҳқонон дар шиносоӣ бо вазифаҳои чатбот, насби Telegram ҳангоми зарурат, пайвастшавӣ ба чатбот ва интихоби ноҳияву зироат кӯмак мекунанд. Онҳо дар чорабиниҳо ва боздидҳои саҳроӣ иштирок менамоянд.
Омӯзиши амалӣ барои 15 нафар дар Хуҷанд ва 15 нафар дар Кӯлоб баргузор мешавад. Хароҷоти сафарҳо ба деҳаҳо пӯшонида мешавад.
Барои Сафирони рақамии беҳтарин таҷрибаомӯзӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияи кишоварзӣ, ФАО Тоҷикистон ва Гурӯҳи ширкатҳои Нексигол, инчунин тавсияномаҳои ин ташкилотҳо пешбинӣ шудааст. Интихоби онҳо баъд аз таҳлили натиҷаҳои фаъолияти саҳроӣ сурат мегирад.
Кӣ метавонад муроҷиат кунад
Донишҷӯёни ҳавасманде, ки дар Хуҷанд ё Кӯлоб барои иштирок дар омӯзиш ва корҳои саҳроӣ дар деҳаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, НТМ ва ВМКБ дастрасанд. Муҳим аст, ки хоҳиши омӯхтан, сабру таҳаммул дар муошират ва омодагии кӯмак ба деҳқонон дошта бошед. Ихтисоси кишоварзӣ ё таҷрибаи корӣ талаби ҳатмӣ нест. Дастрасӣ ба смартфон ва интернет барои корҳои амалӣ зарур аст.
Интихоб чӣ тавр мегузарад
Дархостҳо аз рӯйи ҳавасмандӣ, қобилияти содда фаҳмондани амалҳо, малакаҳои рақамӣ, нақшаи дастрасӣ ба деҳқонон ва масъулиятшиносӣ баррасӣ мешаванд. Донишҷӯдухтарон ба иштироки фаъолона даъват мешаванд.
Ин барнома ҷойи кори доимӣ нест. Омӯзиш, фаъолияти саҳроӣ ва интихоби беҳтаринҳо марҳилаҳои ҷудогона мебошанд. Санаи омӯзиш ва тартиби пӯшонидани хароҷоти сафар ба иштирокчиёни интихобшуда пешакӣ расонида мешавад.
Чӣ тавр дархост додан
Шакли онлайнро пур кунед. Барои маълумот ба рақами +992 928 24 24 24 занг занед.
