Тақвияти малакаҳо дар занҷираи арзиши зардолу дар Тоҷикистон тавассути омӯзишҳои OCOP

Дар чорабинӣ 75 нафар иштирок намуда, дониш ва малакаҳои амалии худро дар самти истеҳсолоти ба тағйирёбии иқлим устувори зардолу, истифодаи самараноки об ва нигоҳдории сифати маҳсулот пас аз ҷамъоварии ҳосил такмил доданд.

Дар Тоҷикистон зардолупарварон, деҳқонон, коркардкунандагон, содиркунандагон ва намояндагони мақомоти минтақавии кишоварзӣ тавассути омӯзишҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дониш ва малакаҳои амалии худро тақвият доданд. Омӯзишҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Як кишвар – як маҳсулоти афзалиятнок» (OCOP) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд баргузор шуда, 75 иштирокчиёнро фаро гирифтанд.

Барномаи омӯзиш масъалаҳои нигоҳубини боғҳоро бо талаботи ҷамъоварии ҳосил, коркарди пас аз ҷамъоварӣ, бастубанд ва фурӯш, ки ба сифати маҳсулот таъсир мерасонанд, пайваст намуд. Мавзӯъҳо ва модулҳои омӯзишӣ бо назардошти шароити хоку иқлими Бадахшон, водиҳои Зарафшон ва Фарғона ва таҷрибаи боғдорони маҳаллӣ таҳия шуданд, то ба мушкилоти амалии истеҳсолот посух диҳанд.

Тақвияти малакаҳо барои боғҳои ба тағйирёбии иқлим устувор

Иштирокчиён роҳҳои коҳиш додани хавфи талафи ҳосилро аз сармои охири зимистон ва сардиҳои аввали баҳор баррасӣ карданд. Машғулиятҳо пайгирии пешгӯии обу ҳаво, чораҳои саривақтии пешгирикунанда ва интихоби навъҳои дергулкунанда ва ба сармо тобоварро фаро гирифтанд. Инчунин интихоби тагпайвандҳои мутобиқ ба хок ва дастрасии об, интихоби навъҳо мувофиқи бозори мақсаднок ва бунёди боғҳои муосир бо ниҳолҳои хушсифат баррасӣ шуд.

Машғулиятҳои ҳифзи интегратсионии растаниҳо дониши иштирокчиёнро оид ба ошкорсозии барвақтӣ, мониторинг ва андешидани чораҳои саривақтӣ бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳои асосии зардолу тақвият доданд. Иштирокчиён бо буриши санитарӣ, тоза кардани қисмҳои сироятёфта ва усулҳои агротехникӣ ва биологии ҳифзи растаниҳо шинос шуданд. Намоишҳои амалӣ тарзи омодасозӣ ва истифодаи моеъи бордосӣ ва маҳлули оҳаку сулфурро бо таваҷҷуҳ ба муҳлати коркард ва чораҳои бехатарӣ фаро гирифтанд.

Дар омӯзиши идоракунии об усули обёрии қатрагӣ ва ворид намудани нуриҳои дар об ҳалшаванда тавассути низоми обёрӣ муаррифӣ карда шуд. Иштирокчиён баррасӣ намуданд, ки дар шароити камобӣ чӣ гуна ҷадвал ва меъёрҳои обёриро ба эҳтиёҷи дарахтон мутобиқ созанд.

Иштирокчиён дар машғулияти саҳроӣ дар боғи зардолу Омӯзгор буриши санитарии дарахти зардолуро нишон медиҳад Иштирокчиён намунаҳои зардолуи хушкро аз назар мегузаронанд

Ҳифзи сифати маҳсулот пас аз ҷамъоварии ҳосил

Машғулиятҳои пас аз ҷамъоварии ҳосил интихоби вақти мевачинӣ ва дараҷаи пухтарасиро бо талаботи бозорҳои зардолуи тару тоза ва хушк пайваст намуданд. Иштирокчиён бо омодасозии мева барои хушккунӣ, усулҳои анъанавӣ ва истифодаи таҷҳизоти хушккунӣ, инчунин талаботи сифати маҳсулоти тайёр шинос шуданд. Ҷудокунӣ аз рӯйи сифат ва андоза, бастабандӣ ва нигоҳдорӣ дар баробари гигиенаи коргоҳҳо, тозагии таҷҳизот ва бехатарии озуқаворӣ баррасӣ гардиданд.

«Усули таълими интерактивӣ ҳамаро ба иштироки фаъолона ташвиқ намуд. Ман махсусан аз мушоҳидаи таваҷҷуҳи зиёд ва ҷалби фаъоли иштирокчиён дар давоми сессияи омӯзиш хеле хушҳол шудам», гуфт Мунира Отамбекова, мушовири миллии ФАО.

Маҳсулоти зардолуи хушк ва хушккунаки офтобӣ Деҳқон табақи зардолуеро, ки дар офтоб хушк мешавад, дар даст дорад

Татбиқи дониш дар амал

Омӯзишҳо дониш ва малакаҳои касбиро тақвият дода, ба табодули таҷриба байни минтақаҳо ва таҳкими робитаҳои истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва содиркунандагон мусоидат карданд. Ин робитаҳо барои ҳамоҳангсозии беҳтар дар тамоми занҷираи арзиши зардолу замина фароҳам меоранд.

Тавсияҳо барои татбиқи дониш таҳияи нақшаҳои мавсимии нигоҳубини боғ, мониторинги обу ҳаво ва хавфи зараррасонҳо, интихоби навъу пайвандтагҳои ба шароити маҳаллӣ мутобиқ ва беҳтар кардани обёрӣ ва коркарди пас аз ҷамъоварии ҳосилро дар бар мегиранд. Омӯзишҳо ҳамчунин зарурати таҳияи стратегияи дарозмуддати рушди зардолупарварӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба ниҳолҳои хушсифати тозанавъро таъкид карданд.

Зардолу маҳсулоти афзалиятноки Тоҷикистон дар доираи OCOP ва манбаи муҳими шуғлу даромади аҳолии деҳот мебошад. Омӯзишҳо бо пайвастани малакаҳои истеҳсолӣ ба сифат ва бехатарии маҳсулот ба таҳкими устуворӣ ва иқтидори бозории соҳа мусоидат мекунанд. Натиҷаҳои дарозмуддат дар ҳосилнокӣ, коҳиши талафот ва афзоиши даромад аз татбиқи ин таҷрибаҳо ва мониторинги натиҷаҳо дар мавсимҳои минбаъда вобаста хоҳанд буд.

Акси умумии иштирокчиён дар толори ҷаласаҳо Акси умумии иштирокчиён дар боғ Акси умумии иштирокчиён пас аз омӯзиши минтақавӣ

Ҳамаи хабарҳо